Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАХСИ СОЛИМФИКРИ ҶОМЕАИ МУОСИР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
06.05.2024
in Хабар
0
ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАХСИ СОЛИМФИКРИ ҶОМЕАИ МУОСИР
0
SHARES
199
VIEWS
Share on Facebook

Ҳолати кунунии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба бӯҳрони амиқ дучор гашта, таҳдиду хатарҳои зиёд ба амнияти миллӣ ва минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Авҷ гирифтани рақобатҳои геостратегӣ миёни абарқудратҳо, дар навбати худ, самти фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ куллан тағйир додааст. Ин ҳолат барои низоми амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бетаъсир буда наметавонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии худ эҳсос менамояд. Таҳдидҳои экстремистиву террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб намудааст ва доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд.

Имрӯз на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии ақидаҳои ифротиву террористӣ ва идеологияи харобиовари ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ба ташвиш овардааст.

Дастовардҳои охирини технологӣ аз ҷониби ин ташкилотҳо васеъ ва бо маҳорати баланд истифода бурда мешаванд. Маҳз Интернет, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз ҳамчун яке аз воситаҳои асосии паҳнкунандаи ҳар гуна ақидаву идеологияи харобиовар ба кор бурда мешаванд.

Чунонки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 қайд намуданд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.

Зарурати андешидани чораҳои пешгирикунанда бар зидди экстремизм ва терроризм ба он асос ёфтааст, ки айни замон ташкилотҳои экстремистию террористӣ фаъолияти тахрибкоронаи худро идома дода, бо истифода аз роҳу усулҳои гуногун, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ бурда, аз ҳисоби шаҳрвандони сустиродаву камфикри кишвар сафи худро пур намуда истодаанд.

Идеологияи харобиовари ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки тариқи шабакаи Интернет паҳн мегардад, асосан ба ҷавонон равона гардида, ҳисси муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ ва фарҳангию маънавиро дар замири онҳо коҳиш медиҳад.

Ба назари мо, мукаммалгардонии чораҳои иттилоотӣ-ташвиқотӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз идеологияи харобиовари экстремизм ва терроризм яке аз вазифаҳои асосии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 ба ҳисоб меравад.

Дар чунин вазъият пешгирии паҳншавии идеологияи экстремизм барои ҳар як кишвар хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои пешсаф дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм шинохта шудааст.

Интернет – ин як фазои васеъе мебошад, ки дилхоҳ шахс метавонад фикру мулоҳизаҳои шахсии худро баён намояд.  Вобаста ба ин, бояд қайд намуд, ки фазои маҷозии Интернет бартарии зиёд дошта, ба афкори ҷомеа таъсири бузург мерасонад. Вобаста ба ин, метавон қайд намуд, ки истифодаи зарфияти блогерон, шахсони намоёни ҷамъиятӣ, ки бо маводҳои интишорнамудаи худ ба афкори умум таъсири бузургтар мерасонанд, муҳим ва актуалӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, бо назардошти гуфтаҳои боло, ҳар як узви солимфикри ҷомеа бояд ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии идеологияи харобиовари экстремизм дар ҷомеаи худ бетараф набуда, тамоми имкониятҳои худро истифода баранд.

Додихудоев Х.

Ҳасанова М.

кормандони АМИТ

Previous Post

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ — ҶИЛАВГИРӢ АЗ ХАРОҶОТИ ЗИЁДАТӢ

Next Post

САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ( 1941 – 1945 )

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН  ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ( 1941 – 1945 )

САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ ( 1941 – 1945 )

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

14.11.2025
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

14.11.2025
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

13.11.2025
НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook