Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БА САВГАНДИ ХУД СОДИҚАНД !

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
25.02.2021
in Хабар
0
ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БА САВГАНДИ ХУД СОДИҚАНД !
0
SHARES
90
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегўям.

Ҳамчунин, бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд.

Мо ифтихор дорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бисту ҳашт сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рўзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем.

Ҳукумати мамлакат аз рўзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрўз низ идома дода истодааст.

Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Яъне афсарону сарбозони ватандўст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромўш намекунанд.

Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҳифзи истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон, ҳимояи сулҳу субот, манфиатҳои миллӣ, таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа ва волоияти қонун вазифаҳои бисёр пурмасъулият гузошта шудаанд.

Ман имрўз дилпурона изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тўли таърихи қариб сӣ соли сипаришуда аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандўстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд.

Зеро артиши бисту ҳашт сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрўз ба як сохтори муназзаму муосир ва муқтадиру боэътимод табдил ёфтааст.

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Имрўзҳо, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла минтақаи моро таҳдиду хатарҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ бисёр мураккабу печида гардонидаанд, мо бояд ҷиҳати ба талаботи рўз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем.

Маҳз бо дарназардошти чунин вазъ, дар Паёми имсолаи худ роҳбарони вазорату сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро вазифадор намудам, ки мунтазам баланд бардоштани маҳорату малака ва сатҳи касбияти афсарон, омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дар рўҳияи садоқат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон тарбия кардани хизматчиёни ҳарбӣ, махсусан, афсарону сарбозони ҷавон, риояи ҳатмии интизоми хизматӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбиро таъмин намоянд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи тарбия ва интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Зеро иқтидор ва қобилияти ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи касбияти мутахассисон, яъне кадрҳои низомӣ, донишу таҷриба ва маҳорату малакаи онҳо вобаста мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала мо то имрўз дар дохили кишвар ва дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ беш аз даҳ ҳазор кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгўи низомиро тайёр кардем.

Ҳоло боз ҳазорҳо нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои тайёр кардани кадрҳои ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил карда истодаанд.

Вобаста ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимми дигарро низ таъкид намоям. Дар ҷараёни омода кардан ва ҷобаҷогузории кадрҳо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки ба обутоби ҷисмониву маънавӣ, сатҳи донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ, ҳисси ватандўстӣ, одоби муошират ва дигар сифатҳои шахсиву ахлоқии кадрҳои оянда диққати ҷиддӣ диҳанд.

Чанд рўз пештар бо мақсади ҳавасманд гардонидани шаҳрвандон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ барои мудофиаи давлат омода кардани шумораи бештари ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардид ва ба як қатор қонунҳои соҳавӣ таѓйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омўзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.

Аз ин рў, Вазорати мудофиа, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ, ки масъули татбиқи қонуни зикршуда мебошанд, вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ташкили босифати маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки омўзиши пешакии шаҳрвандони синни даъват дуруст ба роҳ монда шуда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронидани чорабиниҳои табобативу солимгардонӣ ва бо истифода аз имкониятҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷиҳати омода кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои варзиши ҳарбию амалӣ ва омўхтани ихтисосҳои бақайдгирии ҳарбӣ чораҷўӣ карда шавад.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ба корҳои тарбиявӣ дар байни наваскарон, инчунин, омўзиши таърихи бостонии халқи тоҷик, забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ низ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.

Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба рушди иқтисодиёт илова ба таъминоти боз ҳам беҳтари ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ дар оянда низ дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро густариш бахшида, барои зина ба зина беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии онҳо, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамаи чораҳои заруриро меандешад.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат хизмати содиқонаи хизматчиёни ҳарбиро ҳамеша қадршиносӣ мекунанд. То имрўз садҳо нафар  низомиён – фарзандони бонангу номуси Ватан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд ва мо ин иқдомро дар оянда низ идома медиҳем.

Бовар дорам, ки афсарону сарбозони бонангу номус ва далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандўстӣ адо мекунанд ва 30 – солагии истиқлолу озодии Тоҷикистон – ҷашни бузургу муқаддаси миллиамонро бо хизмати содиқона, интизоми намунавӣ ва омодабошии баланд истиқбол мегиранд.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори солгарди бисту ҳаштуми таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ ва дар ҷодаи ҳифзи Ватани азизамон, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон рўҳи қавӣ, иродаи матин ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҷашн муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Prezident.tj

Previous Post

«СУРУДИ САРБОЗ» ИСТЕЪДОДҲОРО ДАРЁФТ МЕКУНАД

Next Post

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj