Моҳи декабри соли сипаригардида Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷи мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пеш бурдани манфиатҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Пеш аз ҳама, бояд зикр намуд, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ироа гардид, ки мардуми соҳибтамаддуни кишварро руҳияи тозае фаро гирифта буд, зеро таҷлили бошукуҳи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса истиқбол таҷлил гардид.
Хушбахтона, кормандони мақомоти Прокуратураи ҳарбӣ Паёми пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ дониста, дурнамои фаъолияти кориашонро дар самти волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва ғайра ба роҳ мондаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар чунин як даврони ҷаҳонишавӣ ва ба миён омадани ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар ҷомеа, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии худ, кишвари соҳибистиқлоли мо қадамҳои устувор мегузорад. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо зиёда аз сад давлати дунё ҷангҳои террористиву ифротгароӣ идома ёфта истодааст, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонад дар оянда боиси таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Дар ҷаҳони муосир ҳеҷ як кишвар дар алоҳидагӣ наметавонад тараққӣ кунад ва ба мақсадҳои дар пеш гузоштаи худ расад.
Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқололӣ муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳагии худро бо мақсади таъмини ҳарчи бештари амнияти минтақавӣ бо дигар кишварҳои минтақа ва берун аз он ба роҳ мондааст. Ин муносибатҳо дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ амалӣ гардида, имкон медиҳад, ки сармояи бештари хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо мақсади рушди иқтисодиёти кишвар ҷалб карда шаванд. Аз ин хотир метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат-саодатномаи миллат аст.
С.А. АБДУҶАББОРЗОДА-
корманди Сарпрокуратураи
ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники адлия