Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
21.10.2024
in Хабар
0
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН
0
SHARES
73
VIEWS
Share on Facebook

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Меҳргон, ки яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ва мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯзи оламафрӯз бузургтарин ҷашнест, ки омилу заминаҳои муҳимми табиӣ, иҷтимову иқтисодӣ ва фарҳангиву маънавӣ онро то ба замони мо расонидаанд.

Меҳргон мисли Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад.

Таъриху фарҳанг ва тамаддуни қадимии тоҷикон собит месозад, ки ҳаёти инсоният бо олами атроф – табиату коинот робитаи ногусастанӣ дошта, ниёгони мо аз қадимулайём барои арҷгузорӣ намудан ба неъматҳои табиат маросиму ҷашнҳои гуногун баргузор мекардаанд.

Маҳз дар муҳити ориёитаборон ба вуҷуд омадани Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргон бо расму ойинҳои рангорангу қадимаи онҳо, ки ба як ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияти миллии тоҷикон табдил ёфтаанд, далели возеҳи ин гуфтаҳост.

Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо дар фаслҳои гуногуни сол таҷлил гардида, хусусиятҳои табиии онҳоро ифода менамоянд.

Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд.

Бунёдгузории ҷашни Меҳргонро ба шоҳи пешдодӣ – Фаридун нисбат медиҳанд.

Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ рӯзи аввали ба тахт нишастани Фаридунро баробар ба рӯзи Меҳргон тасвир намуда, ойини мазкурро ёдгорӣ аз ӯ барои ояндагон медонад.

Ва ин ёдгории Фаридун, ки моҳияти асосии онро ба монанди ғояҳои ахлоқии ҷашнҳои Наврӯзу Садаву Тиргон пирӯзии адолат бар ҷаҳолат, нур бар зулмот, ободкорӣ бар вайронгарӣ, некӣ бар бадиву зиштӣ ташкил медиҳанд, то замони мо омада расидааст.

Бо ифтихор иброз медорам, ки маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо кардем, ба онҳо чун ҷузъи арзишҳои миллии хеш умри дубора бахшидем, расман ба қонунгузории кишвар ворид сохтем ва имрӯз дар саросари Тоҷикистони азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоем.

Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзиву боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум ба ҳисоб меравад.

Деҳқонони асил дар фасли зебои тирамоҳ ҳосили бо заҳмат рӯёнидаашонро ҷамъоварӣ ва барои фасли зимистон захира мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст.

Ман солҳои зиёд инҷониб дар бораи захира кардани маводи ғизоӣ дар ҳар як оила барои на камтар аз ду сол таъкид менамоям.

Ин масъала бо дарназардошти торафт ноорому бесубот гардидани авзои сайёра, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо солҳои охир боз ҳам муҳимму мубрам шуда истодааст.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат кунем, доим дар фикри аҳли оила ва фарзандони худ бошем, дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ, хусусан, дар истифодаи неруи барқ сарфаю сариштакор бошем, ба исрофкорӣ роҳ надиҳем ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро ҳатман риоя намоем.

Дар баробари кишоварзони мамлакат ҳар як оилае, ки дар ихтиёри худ замини наздиҳавлигӣ дорад, бояд бо истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намояд, то ҳам хонаводаи худро таъмин созад ва ҳам дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад.

Дар робита ба ин, кишоварзони мамлакатро зарур аст, ки якҷо бо олимону мутахассисони соҳа бо роҳи баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, зиёд намудани майдони боғҳо, истифодаи самараноки обу замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, таъмин кардани рушди тухмипарварӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, дар муҳлатҳои муайяншуда гузаронидани кишти тирамоҳӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва рӯёнидани ду – се ҳосил амнияти озуқавории кишварро тақвият бахшанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки анъанаи ба намоиш ва фурӯш гузоштани навъҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ ва чорво идома дода шавад.

Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар дастархони пурнозу неъмат, файзу баракат, рӯзгори осуда, зиндагии шоиста ва бахту саодат орзу менамоям.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

prezident.tj

Previous Post

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Next Post

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМИИ “РУБЕЖ-2024” ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМИИ “РУБЕЖ-2024” ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМИИ “РУБЕЖ-2024” ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook