Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.06.2023
in Хабар
0
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН
0
SHARES
109
VIEWS
Share on Facebook

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва файзу баракат орзу менамоям.

Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ ва иди саиди Қурбон пайи ҳам омад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар ду санаи муҳимро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва бо гиромидошту арҷгузорӣ ба суннату арзишҳои миллиамон истиқбол мегиранд.

Дар шароит ва муҳити сулҳу оромӣ озодона таҷлил гардидани ҷашнҳои милливу давлатӣ ва ба ҷо овардани ойину анъанаҳои динӣ самараи истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо бояд аз ин неъмати бузург сидқан шукргузор бошем.

Мардуми мо ба дини мубини ислом ҳамчун сарчашмаи поку беолоиши ахлоқиву маънавӣ эҳтиром мегузоранд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи озодии виҷдон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, то имрӯз барои адои фарзиёти исломии мардум тамоми шароити заруриро муҳайё сохтааст.

Дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бунёд ва расман ифтитоҳ гардидани масҷиди ҷомеъ, ки чанд рӯз пештар сурат гирифт ва бо номи асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам номгузорӣ гардид, аз ҷумлаи ҳамин иқдомот мебошад.

Бояд гуфт, ки моҳияти иди Қурбон – яке аз суннатҳои эътиқодии мардуми мо аз хайру саховат, дӯстиву муҳаббат ва дастгирии байниҳамдигарии инсонҳо ҳамчун омили саодати зиндагии ҷомеа иборат мебошад.

Яъне ғояҳои эҳсону накӯкорӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба ятимону маъюбон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону ниёзмандон ва дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагон аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар як шахс бояд онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ, аз ҷумла дар айёми ид эҳтиром ва риоя намояд.

Бахусус, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва беморону ниёзмандон аз анъанаҳои неки иди Қурбон маҳсуб меёбад.

Анъанаи қурбонӣ кардани чорво аз ҷониби онҳое, ки имконияти мусоиди иқтисодӣ дошта, дар таъмини аҳли оилаашон мушкилие вуҷуд надорад ва он ҳам ба хотири дастгирии эҳтиёҷмандон дар байни мардуми мо роиҷ аст.

Вале бояд гуфт, ки анҷом додани қурбонӣ аз қудрату тавони ҳар як шахс вобаста мебошад.

Яъне қурбонӣ кардан ба дӯши ҳама ҳатмӣ нест ва ин амалро танҳо онҳое метавонанд анҷом диҳанд, ки аҳли оила ва фарзандони онҳо аз ҳар лиҳоз таъминанд ва танқисиву мушкилие надоранд.

Ба ибораи дигар, зарур аст, ки корҳои хайр ва амалҳои эътиқодӣ дуруст ва танҳо дар доираи имкон иҷро карда шаванд.

Зеро Худованди мутаол дар сураи 2-юми ояти 286-уми каломи осмонии худ фармудааст, ки «Худо бар ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноияш воҷиб намекунад».

Яъне ҳар масъулияте, ки болотар аз қудрату тавоноии моддиву ҷисмонии инсон аст, аз ҷониби Худованд бар муъмин воҷиб намегардад.

Вале тавре мушоҳида мегардад, вақтҳои охир ҳангоми ба ҷо овардани маросиму маъракаҳо ва расму ойинҳои динӣ, аз ҷумла анҷом додани маносики ҳаҷ баъзе ҳамватанони мо зиёдаравӣ ва намоишкорӣ карда, зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил дода, чандин маротиба ба ҳаҷ, аз ҷумла ба ҳаҷҷи умра рафта истодаанд.

Чунин рафтор дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки дар зиндагии оилаи аксари онҳо ва шароити хонаву дарашон мушкилоти зиёд вуҷуд доранд.

Ҳол он ки доир ба ин масъала дар маъхазҳои муътабари динӣ омадааст, ки «ҳаҷ фақат як бор воҷиб аст ва касе, ки бештар аз он ба ҳаҷ биравад, ҳаҷҷи ӯ суннат мебошад».

Шахсоне, ки такрор ба такрор ба ҳаҷ мераванд, як нуктаи одиро дар назар дошта бошанд, ки барои савоб гирифтан аввал ба шароити зиндагии аҳли оила, фарзандон, падару модар, наздикону пайвандон, инчунин, ҳамсояҳои наздик, гирду атрофи худ ва маҳалли зисташон назар андозанд.

Онҳо ҳатман хоҳанд дид, ки дар наздику атрофашон метавонанд бисёр корҳои хайрро анҷом диҳанд, ки ба нафъи оила, фарзандон, хешу табор ва ҷомеа буда, савоби ҷория ба ҳисоб мераванд.

Ҳар яки мо, пеш аз ҳама, вазифадорем, ки барои худ, аҳли оила ва фарзандонамон шароити хубу бароҳати зиндагӣ, омӯхтани илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар, забономӯзӣ ва ғизои босифатро муҳайё созем.

Ин қарзи инсонии ҳар яки мост.

Фарзандони мо бояд илму дониш омӯзанд, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ намоянд, то дар оянда баъди сари мо азияту муҳтоҷӣ накашанд, зиндагии худро пеш бурда тавонанд, умри бобаракат бинанд ва қарзи худро дар назди падару модар, ҷомеа ва давлати хеш сазовору содиқона иҷро намоянд.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки солҳои охир бисёр соҳибкорони бонангу номус ва шаҳрвандони ватандӯсту саховатпешаи мо, ки имкони мусоиди иқтисодӣ доранд, тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ кумак мерасонанд, дар ободониву созандагии зодгоҳашон ва шаҳру деҳоти кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.

Онҳо роҳу пулҳо, хатҳои обрасонӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кӯдакистон ва беморхонаву марказҳои саломатӣ сохта, дар таъмиру таъминоти хонаҳои кӯдакону пиронсолон фаъолона ширкат мекунанд.

Фаромӯш набояд кард, ки моҳияти инсондӯстии таълимоти дини мубини ислом низ маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб инъикос меёбад ва чунин аъмоли писандида, албатта, ба густариши иззату эҳтироми ҳамдигар, тақвияти муҳаббату дӯстӣ дар байни одамон, таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат менамояд.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар шароити бисёр ноороми ҷаҳони муосир, ки яроқнокшавии бошитоб, шурӯи «ҷанги сард», бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз ҷумла хушксоливу камобии пайдарҳам дар минтақаҳои гуногуни олам, инчунин, дигар раванду омилҳо зиндагии сокинони сайёраро торафт бештар таҳти таъсири манфӣ ва харобиовар қарор медиҳанд, мо бояд ба хотири ҳифзи амнияти Ватани маҳбубамон ва суботу оромии халқамон ҳушёру омода бошем.

Мо вазифадор ҳастем, ки арзишҳои неку созандаи дину ойинамонро бо анъанаҳои неки илмомӯзиву маърифатпарварии мардуми куҳанбунёдамон такмил дода, онҳоро барои рушди босуботи давлат ва Ватани азизамон равона созем.

Дар ин раванд, мо бояд ба масъалаи илмомӯзиву азхудкунии касбу ҳунар аз ҷониби фарзандон эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем.

Воқеан, савоби омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳамчун мутахассис ба халқ хизмат кардан, ба ҷо овардани эҳтирому хизмати падару модар, дуои неки онҳоро гирифтан ва муҳайё намудани шароити хуб барои аҳли оила камтар аз ҳаҷ ва дигар амалҳои фарз нест.

Мардуми хирадманди мо беҳуда намегӯянд, одам ба дуо ва дарахт бо об сабз мешавад.

Рӯйдоду равандҳое, ки солҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон идома доранд, моро водор месозанд, ки дар байни мардум ва хусусан, наврасону ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву ифтихори ватандориро густариш бахшем, фарзандони худро ба омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҳарчи бештар талқину ташвиқ намоем, ба ҷойи хароҷоти беҳудаву исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ барои онҳо шароити беҳтари зиндагиву таҳсил фароҳам оварем.

Дигар ин ки мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлоламон, Ватани соҳибихтиёрамон, сулҳу оромии кишвари маҳбубамон ва ваҳдати мардумамон расем, онҳоро эҳтиёт ва ҳифз намоем, шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод, давлати соҳибистиқлол, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.

Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати софдилонаву содиқона метавонем нақшаҳои созандаи худро амалӣ намоем, сатҳу сифати зиндагии мардумамонро баланд бардорем, Ватанамонро обод, давлатамонро пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Бо изҳори итминон ба ояндаи неки Ватани соҳибистиқлоламон бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву босаодат ва неъмати бузурги суботу оромӣ орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак, ҳамватанони азиз!

prezident.tj

Previous Post

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БАҚОИ МИЛЛАТ

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook