Ҳамватанони азиз!
Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.
Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.
Дар арафаи ид анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати неке мебошад, ки мардуми мо ба он эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Тибқи аҳкоми шариат ҳар бандаи муъмин ва эътиқодманд маҳз барои он хайру садақот мекунад ё амали некеро анҷом медиҳад, ки дар номаи аъмолаш навишта мешавад ва баъд аз марг, яъне дар охират боиси саодат ва растагории ӯ мегардад.
Агар чунин аст, пас беҳтар нест, ки ҳар як бандаи муъмин кӯшиш намояд, ки гуноҳ накунад ва дили касеро наранҷонад?
Ҳамчунин, беҳтар аст, ки фарзанди солеҳ барои зинда нигоҳ доштани номи неки гузаштагон ва махсусан, падару модари худ макони зисти ятиме, оилаи бесаробонмонда ё камбизоату маъюберо обод созад, роҳеро таъмир намояд, ба маҳалле об барорад, дар бунёди муассисаи таълимиву тиббӣ ё дар таъмири он саҳм гузорад, бо ташкили коргоҳе ҷойи корӣ таъсис диҳад ё дигар амалеро анҷом диҳад, ки ба дигарон манфиат бахшад ва савоби ҷория дошта бошад.
Ин корҳо нисбат ба баргузории ҳар гуна маъракаҳои ёдбуд, оростани дастархони зоҳирпарастона ва исрофкорӣ, албатта, савоби бештар доранд.
Ба мардуми ниёзманд, аз қабили ятимону маъюбон, беморону бесаробонмондагон ва дигар шахсони камбизоату эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз кардан дар Қуръони карим ҳамчун омилҳое зикр шудаанд, ки боиси хушнудии Худо мегарданд.
Дар ин бобат Худованд дар ояти 160-уми сураи Анъом ба таври мушаххас мефармояд: «Ҳар кас кори неке анҷом диҳад, подоши ӯ даҳ баробар аст…».
Пайғамбари ислом вобаста ба ин масъала дар як ҳадиси худ фармудааст: «Вақте банда мемирад, амал (ва ҳар робитае, ки бо дунё дошт), аз вай қатъ мегардад, ғайр аз се чиз: садақаи ҷория, илме, ки мавриди истифодаи дигарон қарор гирад ва фарзанди неке, ки барои ӯ дуо кунад».
Аз ин рӯ, мардум, аз ҷумла ҷавонон дар зиндагии худ кӯшиш намоянд, ки амалҳои хайри ба манфиати ҷомеа равонашуда ва ба рушди донишу маърифат нигаронидашударо анҷом диҳанд.
Муҳимтар аз ҳама, ба падару модари худ хизмат кунанд, ризоият ва дуои неки онҳоро гиранд, то ин ки умри бобаракат бинанд.
Ҳамватанони азиз!
Боиси қаноатмандист, ки мардуми мо баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» моҳият ва манфиати онро дуруст дарк намуданд.
Имрӯз маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои хайр равона шуда истодаанд.
Гузашти вақт ва аз ҷониби дигар, торафт мураккабу мушкил гардидани вазъи таъминоти мардуми сайёра бо маводи ғизоӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим – камобиву хушксолӣ дар аксари минтақаҳои олам, аз ҷумла дар кишвари мо дурустии иқдомоти дар ин самт андешидаи моро нишон дода истодааст.
Ҳамватанони азизи мо қаҳтиву гуруснагии солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хуб дар хотир доранд.
Бинобар ин, ҳар як оила ва тамоми сокинони мамлакатро зарур аст, ки дар баргузории маросиму маъракаҳо, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ роҳ надиҳанд ва дар фикри аҳли оилаву фарзандони худ бошанд.
Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем, онҳоро бо ғизои босифат, сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин намоем, дар андешаи боз ҳам беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои аҳли оилаи худ бошем.
Такроран таъкид месозам, ки мо бояд бештар дар фикри тарбия ва таъминоти фарзандонамон бошем, онҳоро тавре тарбия намоем, ки соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, ба давлату миллат содиқ бошанд, Ватанро сидқан дӯст доранд, иродаи мустаҳкам дошта бошанд, сарзамини аҷдодии худро дар оянда соҳибӣ ва обод карда тавонанд, созанд, бунёд кунанд.
Барои ин зарур аст, ки тамоми ҷомеа ба илму маориф рӯ оварад ва ба таҳсили фарзандон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва босаводу соҳибмаърифат гардонидани наврасону ҷавонон эътибори аввалиндараҷа диҳад.
Мо бояд фарзандонамонро тавре тарбия кунем, ки номбардори падару модар бошанд, обрӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд, на ин ки боиси доғдор шудани номи неки миллати тоҷик гарданд.
Чунин рафтори нангин ба шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик муносиб нест.
Пас биёед, фарзандонамонро дуруст тарбия кунем, онҳоро илму дониш ва одобу ахлоқи ҳамида омӯзонем, соҳиби касбу ҳунар гардонем, ки оянда, яъне баъди сари мову шумо дар зиндагӣ азият накашанд ва роҳгум назананд.
Бахусус, имрӯзҳо, ки дар кишварамон мавсими баҳор, яъне вақти киштукор аст, дар қатори кишоварзон фарзандон ва аҳли оилаи худро ба заҳмат кашидан, рӯёнидани се – чор ҳосил, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ ҳидоят намоем, то ягон оилаи мардуми мо муҳтоҷу дастнигари дигарон нагардад.
Яке аз хусусиятҳои қонуни миллии мо дар бораи танзими расму ойинҳо ҷанбаи маънавии он мебошад.
Дар қонун омадааст, ки мардум дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ороста, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Оростани «дастархони маънавӣ» – анҷом додани корҳои хайр, аз ҷумла зиёрати падару модар, хешу ақрабо, аёдати азодорон, дуову фотиҳа ба рӯҳи гузаштагон, насиҳати фарзандон ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонону наврасон аст, ки аз анъанаҳои неку писандидаи мардуми мо ба ҳисоб меравад.
Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишварамон мебошанд.
Падару модарон ба ҷойи оростани дастархони исрофкоронаи рӯзи ид, яъне ба ҷойи харҷу исрофи намоишкоронаи якрӯза бояд дар фикри он бошанд, ки ҳар рӯз барои аҳли оила ва фарзандонашон фазои идона муҳайё созанд, то онҳо эҳсос кунанд, ки ҳар рӯз барояшон ид аст.
Аслан мо – мардуми Тоҷикистон – халқи серфарзанд ҳастем, хешу табори зиёд дорем ва доим аз ҳолу аҳволи ҳамдигар бохабар шудан одати деринаи миллии мо мебошад.
Ҳар як оила дар як сол то 10 – 12 маротиба хешу табор ва пайвандони худро меҳмондорӣ мекунад.
Бо риояи одобу анъанаҳои миллии тоҷикона меҳмоннавозӣ кардани онҳо барои мо кори савоб ва дорои хайру воҷиботи бештар нисбат ба оростани дастурхони идона ба ҳисоб меравад.
Ҳамватанони азиз!
Ман дар суханронии худ рӯзи 9-уми март дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин фикру андешаҳоямро доир ба вазъи эътиқодӣ дар кишвар ва роҳҳои ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта муфассал баён намудам.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар асоси Конститутсия ва дигар қонунҳо ба хотири таъмин намудани амнияти ҷомеа, ҳифзи суботу оромӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва муҳайё кардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум аз тамоми фишангу воситаҳо истифода мебарад.
Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки шаҳрвандони мо, хусусан, насли калонсоли кишвар набояд омилҳо ва сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки ба мардуми мамлакат бадбахтиҳои зиёд оварда буд, фаромӯш созанд.
Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарони муҳтарам, устодону омӯзгорон, аҳли зиёи мамлакат ва фаъолони ҷомеа муроҷиат мекунам, ки нисбат ба ин масъалаҳо бетарафию дурӯягӣ накунанд, ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд, онҳоро беназорат нагузоранд, бо фарзандони худ дар ҳар ҷое, ки бошанд, робита дошта бошанд ва онҳоро ҳамеша ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд.
Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардумамон эътибори ҷиддӣ диҳем, дар чаҳорчубаи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат зиндагӣ ва кору фаъолият карданро омӯзем ва риояи муқаррароти қонунро ба одати ҳатмӣ ва ҳаррӯзаи худ табдил диҳем.
Мо дида истодаем, ки вазъияти ҷаҳони муосир чӣ қадар ҳассос гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб ва марҳалаи нави «ҷанги сард» рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодааст ва касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки фардо чӣ мешавад.
Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу хатарзо мо нагузорем, ки шаҳрвандон ва фарзандонамон бозичаи дасти гурӯҳу қувваҳои манфиатҷӯй гарданд.
Дар робита ба ин, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон зарурати баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, дарку эҳсоси боз ҳам амиқи арзишҳои миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ, таваҷҷуҳ ба забон, фарҳанг ва мероси таърихии халқи худ, анъанаву суннатҳо ва расму ойинҳои миллиро ба миён гузоштааст.
Мо бояд арзишҳои ҷовидонаи мардумамонро, ки дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, барои тарбияи наслҳои созандаву ободкор ҳифз кунем, истифода намоем ва ба мерос гузорем.
Пеш аз ҳама, дар фикри давлат ва миллати хеш бошем, дар назар дошта бошем, ки миллати тоҷик аз азал инсондӯсту таҳаммулгаро буд ва номи худро дар таъриху тамаддуни башарӣ бо илм ва фарҳангу адабиёти ҷаҳонгираш сабт кардааст.
Мо бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллии худ муттаҳид бошем, дар лаҳзаҳои вазнин дасти ҳамдигарро гирем ва ба якдигар кумак расонем.
Мо бояд аз соҳибдавлативу соҳибватанӣ, неъматҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ шукргузорӣ намоем.
Зеро маҳз ба шарофати онҳо имрӯз мардуми ободкору созанда ва ватандӯсту сарбаланди мо ба хотири рушди минбаъдаи давлатамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ бисёр давраҳои сахту сангинро аз сар гузаронидааст, садҳо ҳазор фарзандони он барои расидан ба рӯзҳои босаодат мубориза бурдаанд ва дар ин роҳ ҷони худро аз даст додаанд.
Шукр, ки мо ба истиқлолу озодӣ расидем ва имрӯз соҳибватану соҳибдавлат ҳастем.
Мо акнун давлат бунёд карда истодаем.
Ман медонам, ки садҳо мушкилоту норасоӣ дорем, аммо хуб дар хотир дошта бошем, ки касе дар андешаи обод кардани Ватани мову шумо, яъне хонаи мову шумо нест.
Фақат ва фақат мову шумо ҳастем, ки бояд дар фикри ободӣ ва ҳифзи ин Ватан бошем.
Барои ин, пеш аз ҳама, вақт, заҳмат, сабру таҳаммул, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, иродаи матин, нангу номус ва ҳисси баланди миллӣ доштан зарур аст.
Ман медонам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ин ҳамаро доранд.
Бо умеди ҳамеша пойдору устувор будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан имону эътиқоди комил, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу менамоям.
Фарорасии иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
prezident.tj