Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ПАРЧАМ РАМЗУ АРКОНИ ДАВЛАТДОРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
25.11.2022
in Хабар
0
ПАРЧАМ РАМЗУ АРКОНИ ДАВЛАТДОРӢ
0
SHARES
298
VIEWS
Share on Facebook

Парчам муҳимтарин рамзу аркони давлатдорӣ буда, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар мебошад, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедодгарӣ ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Дар шоҳасари безаволи Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ-“Шоҳнома”, Байрақ бо номҳои гуногуни ливо, парчам ва дирафши ковиён тавсиф гардида, нигоҳ доштан дар сафи пеши лашкар ва баланд бардоштани он аз ҷониби паҳлавонону сипоҳиён бошад, тибқи ин асар ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим ва дар давраҳои пурҳаводис то ба аҳди мо омада расидааст.

Хушбахтона, то имрӯз мардуми тоҷик, алалхусус низомиёни кишвар ин муқаддасоти миллиро гиромӣ дошта, ҳангоми музаффарияту муваффақиятҳои хеш таҳти навои Суруди миллӣ, Парчами миллии худро низ баланд парафшон менамоянд. Хизматчиёни ҳарбии Артиши миллии мамлакат ҳамчун ҳомиёну ҳимоятгарони марзу буми аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти милливу давлатиро аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи худ дониста, савганди садоқату вафодории худро назди халқу Ватан зери Парчами давлатӣ ва Байрақи ҷангии қисми ҳарбии хеш ёд менамоянд. Аз ҷумла, зимни оғози Парадҳои низомӣ, маросими савгандёдкуни хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар чорабиниву ҷамъомадҳои тантанавори низомиён, нахуст Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Байрақи ҷангии қисму воҳидҳои низомӣ ба майдон ворид карда шуда, ҳамчунин дар як вақт бо садо додани Суруди миллӣ ва баланд бардоштани Парчами давлатӣ, ба баргузории машқҳои муштараки низомӣ ва дигар чорабиниҳои ҳарбӣ-сиёсӣ низ оғози расмӣ бахшида мешавад. Дар воқеъ, Парчами давлатӣ чун дигар рамзҳои хоси даватдорӣ аз пурарзиштарин муқаддасоти миллӣ маҳсуб меёбад, ки шаҳомати ворид намудани он ба майдон ва ҷилваву парафшониҳояш, ғуруру ифтихор ва эҳсоси ватандӯстии ҳар як фарди меҳанро бедор менамояд.

Дар баробари Парчами давлатӣ, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии  Қувваҳои Мусаллаҳ, Байрақи ҷангии қисму воҳидҳои ҳарбии худро низ ҳифзу гиромӣ медоранд. Маврид ба зикри хос аст, ки Байрақи ҷангӣ ҳамчун рамзи ифтихор аз хизмати ҳарбӣ, шуҷоат, шаъну шараф ва садоқату сарсупурдагии афсарону сарбозон дар ин роҳ, ба полкҳо, (баталёни алоҳида), дивизонҳо, эскадриляҳои ҳавоӣ, қисмҳои таълимӣ ва муассисаҳои ҳарбию таълимӣ супорида мешавад. Байрақи ҷангии қисмҳои ҳарбӣ дар тамоми давраи мавҷудият, сарфи назар аз тағйири ному рақам, дар пойгоҳи он воҳиди низомӣ нигоҳ дошта шуда, тағйири ном ва рақами қисми ҳарбӣ ба сипосномаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳангомои супурдани байрақ тақдим мегардад, ворид карда мешавад.

Ин парчами ифтихорӣ ҳамроҳи қисми ҳарбии марбуташ нигоҳ дошта шуда, дар замони ҷанг бошад, дар майдон ё худ макони амалиёти ҷангии қисми ҳарбӣ қарор дода мешавад. Барои муҳофизати байрақи ҷангӣ дар ҳолатҳои махсуси ҳарбӣ ва дар ин замина таъмин намудани амну суботи сартосарӣ, тамоми хизматчиёни ҳарбӣ вазифадоранд, ки фидокорона ва мардонавор адои хизмати бар ӯҳда доштаашонро намоянд. Вобаста ба сохт ва тарҳу нигориши Байрақи ҷангии қисму воҳидҳои низомии Артиши миллии Тоҷикистон ҳаминро бояд қайд кард, ки он аз ранги сурх, ки хос ба қаҳрамониву сарбаландӣ ва рӯйсурхии хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, иборат буда, ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар ҷойҳои муайяншудаи қисму воҳидҳои низомӣ нигоҳ дошта мешавад.

Боқӣ ШАРИФОВ

майор

Previous Post

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Next Post

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ БА АНҶОМ РАСИД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН  БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ БА АНҶОМ РАСИД

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ШАҲРВАНДОН БА ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ БА АНҶОМ РАСИД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook