Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ПАДИДАИ НОМАТЛУБЕ, КИ ҶАҲОНРО НИГАРОН КАРДААСТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
25.01.2022
in Хабар
0
0
SHARES
165
VIEWS
Share on Facebook

Дар моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:- «Терроризм яке аз ҷиноятҳои махсусан вазнин буда, дар шакли содирнамудани кирдорҳои қасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, несту нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохтори низомӣ, тарсонидани аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ, ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок зуҳур меёбад». Илова бар ин тибқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм»  экстремизм низ ҷинояти вазнин буда, дар содир намудани кирдорҳои бо роҳи маҷбурӣ тағйир додани асосҳои сохтори конститутсионӣ ва халалдор сохтани ягонагии давлат, зарар расонидан ба амнияти давлатӣ, ғасби салоҳияти ваколатҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкил кардани гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ, динӣ, инчунин, муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст, зоҳир мегардад».

Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз давраҳои қадим бо усулҳои гуногун содир мешуданд. Охирҳои асри XX дар қатори дигар мушкилот терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки глобалӣ табдил ёфтааст. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо мақсади қонеъ гардонидани манфиатҳои ғаразноки худ ба кирдорҳои гуногуни даҳшатнок, ба монанди бо ваҳшоният ба қатл расонидани одамони бегуноҳ даст зада, ҷомеаи ҷаҳониро ба нооромӣ мувоҷеҳ месозанд.

Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Боиси зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 тасдиқ шудааст. Стратегияи мазкур ҳамчун санади хусусияти барномавӣ дошта, мақсад, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризмро муайян менамояд. Вазъи мураккаби байналмилалии муосир, таҳдиду хатарҳои нави терроризм ва экстремизм моро водор месозад, ки барои пешгирӣ ва решакан кардани ин хатари аср сарҷамъона бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза барем. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шуданд, ташкил медиҳанд. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул карда шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.
Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар саломатии худро аз даст додаанд

Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. Ҳар шаҳрванд, хосатан насли ҷавони ҷомеаро месазад, ки арзишҳои миллатро эҳтиром намояду аз гузаштаи пурғановати худ ибрат гирад. Маҳз дар ин сурат мо метавонем ояндаи дурахшони худро таъмин намоем. Ояндаи ободу орому осудаи Тоҷикистон дар дасти насли ҷавони миллат аст. Бегона дар ягон сурат дар андешаи пешрафи мо набуд ва нест!

Ш. ШАРИФОВ

Previous Post

Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Next Post

КОРРУПСИЯ-ЗАРБА БА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
КОРРУПСИЯ-ЗАРБА БА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

КОРРУПСИЯ-ЗАРБА БА ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook