Имрӯз бо фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи нави афсарону прапоршикони ҷавон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шомил гардиданд. Ба ин муносибат дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, бо иштироки роҳбарияти вазорат ва падару модари хатмкунандагон ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки бо ворид гардидани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар пойгоҳи Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии афсарони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа курси семоҳаи дастурӣ — методӣ бо сарбозони маълумоти олӣ дошта, ки хоҳиши дар оянда хизмат намудан дар Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомии кишварро доранд, ташкил шудааст. Зимни таҳсил ва бозомузии курси кӯтоҳмуддат гурӯҳи афсарону прапоршикони ҷавон дар рӯҳияи ҳарбию сиёсӣ, ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба халқу Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ таълиму тарбия ёфта, баҳри иҷрои вазифаҳои хизматии афсариву прапоршикӣ ба сафи Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ гусел карда шуданд.








