Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОҒОЗИ ТАҚСИМИ “ШОҲНОМА”-И БЕЗАВОЛИ ҲАКИМ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
19.08.2025
in Хабар
0
ОҒОЗИ ТАҚСИМИ “ШОҲНОМА”-И БЕЗАВОЛИ ҲАКИМ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
0
SHARES
79
VIEWS
Share on Facebook

Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт.

Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд.

Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.

Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт.

Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои Шоҳнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».

Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд.

Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози «Шоҳнома» ниёзи бештар дорем.

Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.

 

Агар аҳамияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар роҳи тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кӯтоҳу муъҷаз бигӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд:

 

Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Ва ё

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Previous Post

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ РАЁСАТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Next Post

МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook