Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Сафарҳои кори

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.04.2022
in Сафарҳои кори
0
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд ва ба истифода додани корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ
0
SHARES
127
VIEWS
Share on Facebook
14.04.2022 09:00, ноҳияи Айнӣ
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ин мавзеъ нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ бо раванди коркарди ашёи хом ва дигар корҳои дар ин минтақаи саноатӣ анҷомёфта маълум гардид, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.

Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби  Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад. Аз ҷумла, барои ба хока табдил додани маъдан, бори аввал дар минтақа дар хати технологӣ дастгоҳу таҷҳизоти ширкати “Метсо”-и Финляндия васл карда шудааст, ки дар соҳаи кӯҳкории Аврупо ва ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Техника ва механизми маъданборкунии ширкати “Волво”-и Шветсия бошад, дар қисмати тарзи кушоди кон мавриди истифода қарор дорад. Технологияи 14 коргоҳи ғанигардонии маъдан аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст ва дар ин ҷо ашёи хом ба таври автоматӣ коркард мешавад. Ба таъкиди мутахассисони соҳа истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар раванди истеҳсолот ба самаранокии кор ва сифати маҳсулот таъсири мусбат мерасонад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода мебаранд. Бештари кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки то ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти бузурги саноатӣ беш аз 2000 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.

Дар қисмати тарзи кушоди кон бошад, корҳои қабаткушоӣ идома дорад. Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ 218 ҳазору 554 метри мураббаъ ва пармагарӣ бошад, бештар аз 10 ҳазор метр иҷро карда шудааст. Аз қисмати тарзи кушоди кон дар як шабонарӯз зиёда аз 2 ҳазор тонна маьдан истихроҷ ва бо воситаи техникаю механизми зарурӣ ба коргоҳҳои ғанисозӣ интиқол дода мешавад. Ҳамзамон дар маҳалли сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар бунёд карда шудааст. Тариқи ин канал оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарсидан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ иҷро карда шудааст.

Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд карда шуд, ин анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Ин иншоот дорои сарбанди регӣ, буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Баландии садди амбори нигоҳдории партовҳо 55 метр мебошад.

Ба гуфти масъулон обҳои техникӣ дар коргоҳҳои бойгардонӣ батакрор бо тарзи занҷири сарбаста истифода мешавад ва он ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад.

Барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” бо насби қариб 100 сутунпояи оҳанӣ аз масофаи 34 километр хати интиқоли баландшиддати неруи барқ кашида шуда, як зеристгоҳ, ки тавоноиаш 110 ба 10 киловолтро дар бар мегирад, бунёд гардидааст.

Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи конҳои Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон бунёд гардида, тибқи маълумоти масъулон захираи умумии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 июни соли 2018 оғоз гардида буд.  12 сентябри соли 2020 Сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, барои бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода додани корхона ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Маврид ба таъкид аст, ки давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.

 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Previous Post

МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТУ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБУ ХАТАРЗО ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

Next Post

Суханронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Суханронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

Суханронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook