Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ «БАРОДАРИИ ШИКАСТНОПАЗИР-2025» ВА «МОНЕА-2025» -И ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛЛАҲИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД ДАР МАШҚГОҲИ ФАХРОБОД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.10.2025
in Хабар
0
ОҒОЗИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ «БАРОДАРИИ ШИКАСТНОПАЗИР-2025» ВА «МОНЕА-2025» -И ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛЛАҲИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД ДАР МАШҚГОҲИ ФАХРОБОД
0
SHARES
84
VIEWS
Share on Facebook

20 октябр дар тамрингоҳи Фахрободи гарнизони Хатлон маросими ифтитоҳи машқҳои муштарак бо нерӯҳои сулҳҷӯёнаи кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таҳти унвони “Бародарии шикастнопазир-2025” ва тамринҳои махсуси ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва ёрии тиббии СААД “Монеа-2025” баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи машқҳо, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Имангалӣ Тасмагамбетов, сардори ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, генерал-полковник Андрей Сердюков, намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Ҷамъомади тантанвӣ бо садо додани сурудҳои миллии давлатҳо таҳти навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва барафрохта шудани парчамҳои давлатии кишварҳои узви СААД дар майдони баргузории размоишҳои муштарак оғоз гардид.

Зимни ифтитоҳи маросими расмии машқҳо, вобаста ба сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориву ҳамгироии Ҳукумати мамлакат бо кишварҳои шарику ҳампаймон, созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ- муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Бобоҷон Саидзода қайд кард, ки «Муқовимати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба таҳдиду бӯҳронҳои гуногун бо назардошти таҳаввулот ҳамеша дар мадди назари ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои узв қарор дорад.

Зимни суханронии Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов дар назди иштирокчиёни размоишҳои муштарак зикр карда шуд, ки сарони кишварҳои ин созмон ҷиҳати рушди нерӯ ва тавонмандии низоми амнияти дастаҷамъӣ дар мубориза бо таҳдидҳои замон ҳама чораҳои заруриро меандешанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки машқҳои дарпешистода ба такмили касбияти ҳайати шахсӣ дар омодагӣ ва гузаронидани амалиётҳои сулҳҷӯёна, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии саҳроӣ ва ҳамоҳангии контингентҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.

Чорабинӣ бо гузашти низомии ҳайати шахсии иштирокчиён дар пойгоҳи багузории машқҳои муштарак ба анҷом расид.

Дар чаҳорчӯби машқҳои навбатӣ бори аввал тамринҳои махсус бо иштироки ҷузъу томи ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва таъминоти тиббӣ баргузор мегардад, ки ҳадафи аслии он таъмини амнияти биологӣ мебошад.

Дар тамринҳои «Бародарии шикастнопазир-2025» ва «Монеа-2025» контингентҳои низомии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, гурӯҳҳои амалиётии Ситоди муштарак ва котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат доранд. Дар тамринҳои мазкур зиёда аз 1500 нафар афсарону сарбозон, беш аз 200 адад техникаҳои ҳарбӣ, мошинҳои махсуси низомӣ, чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб мегарданд.

Марҳилаҳои фаъоли машқҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдноаи Аамнияти Дастаҷамъӣ дар шакли омехта бо марҳилаи ниҳоии машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттиҳоди зиддитеррористии 2025» баргузор мешаванд.

Маркази матбуот ва иттилооти 

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Next Post

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПРОКУРАТУРАҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПРОКУРАТУРАҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲОИ ПРОКУРАТУРАҲОИ ГЕНЕРАЛИИ ДАВЛАТҲОИ ИШТИРОКДОРИ ИДМ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook