13 октябри соли 2025 дар машқгоҳи «Каттақурған»-и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо ҳайати роҳбарияти контингентҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии фармондеҳи машқҳои минтақавӣ «Бирлик-2025» ҷаласа доир гардид .

Дар ҷаласаи мазкур ҳама самтҳо ва ҷанбаҳои чорабиниҳо марбут ба омодагӣ ба машқ ва раванди марҳалаҳои он ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тазаккур бояд дод, ки аҳамияти баргузории машқҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои муттақобила алайҳи таҳдиду хатарҳои муосир муҳим мебошад.

Пеш аз оғози маросими кушодашавии машқҳои минтақавии «Бирлик-2025», ки санаи 14 октябри соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, дар масоили тақвиятбахшии низоми фаҳмиши ягона дар марҳилаҳои машқ ва риояи амиқу саривақтии он баррасӣ шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





