Дар Ҷумҳурии Қазоқистон, дар машқгоҳи таълимии «Коктал», марҳилаи фаъоли машқҳои муштараки Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии минтақаи Осиёи Марказӣ «Рубеж-2026» оғоз гардид.

Машқҳо аз 13 то 18 сентябр таҳти роҳбарии фармондеҳии Қӯшунҳои десантӣ-зарбавии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда, ба такмили ҳамоҳангии мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои низомӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ равона шудаанд.

Дар машқҳои муштарак контингентҳои низомии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсия Росия, инчунин гурӯҳҳои фаврии Ситоди муштарак ва Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок доранд.

Дар машқҳои мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи амалиётии ситоди роҳбарият аз Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, Раёсатҳои навъҳои қӯшун ва як воҳиди чорабиниҳои махсуси қисми ҳарбии 01972-и Қӯшунҳои хушкигард дар гарнизони Суғд иштирок доранд. Низомиёни тоҷик бо ширкат дар ин размоишҳои муштараки ҳарбӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои гузошташуда вобаста ба матлаби машқҳо, инчунин бо нишон додани сатҳи баланди касбӣ дар муаррифии қудрати Артиши Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.



Дар маҷмӯъ, ба машқҳо тақрибан 1500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ, беш аз 300 адад техникаи ҳарбӣ ва махсус, аз ҷумла 115 ҳавопаймои бесарнишини таъиноти гуногун, ҷалб гардидаанд.

Машқҳо дар шароити маҳалҳои кӯҳистонӣ ва биёбонӣ гузаронида шуда, таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои вазифаҳои таълимию ҷангӣ ва ҳамкории Қувваҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии кишварҳои иштирокчӣ бо воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон равона шудааст.





