Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Сафарҳои кори

Оғози корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.06.2021
in Сафарҳои кори
0
Оғози корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод
0
SHARES
27
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғоз бахшиданд.

Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 12,6 гектар замин бунёд карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар иншооти муосири фарҳангӣ — фароғатӣ дар ноҳияи Нуробод дар ду марҳила амалӣ гардида, марҳилаи аввали он то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Лоиҳаи иншооти хуштарҳу замонавӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шаҳрофар” таҳия гардида, бо харҷи 37,8 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад.

Дар марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод дар ҳудуди иншоот бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр, Нишони давлатӣ бо баландии 28 ва Парчами давлатӣ бо баландии 48 метр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар марҳилаи якуми корҳо, сохтмони 12 фаввора, ҳавзи обгирӣ, гузаронидани хатҳои муҳандисии оби нӯшокӣ, корезӣ, интиқоли барқ ба истифода дода мешавад ва як қатор тадбирҳои дигари созандагӣ низ амалӣ мегардад.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншооти бунёдшаванда дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ масолеҳи зарурии сохтмонӣ дар базаи моддӣ — техникии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рамзи Ваҳдат” аллакай пурра дастрас гардида, барои омода намудани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон ва мутахассисони варзида ҷалб шудаанд.

Бунёду ба истифода додани Парчаму Нишони давлатӣ ва муҷассамаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон дар маркази ноҳияи Нуробод дар роҳи тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва бедор сохтани ифтихори миллӣ дар замири онҳо такони тоза мебахшад.

Бо мақсади риояи технологияи иҷрои корҳои бетонӣ ва дастрас намудани тамғаи зарурии бетони истеҳсолшаванда дар рафти корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод заводи хӯрди истеҳсоли бетон бо иқтидори 250 метри мукааб дар як шабонарӯз пурра ба кор дароварда шудааст.

Барои ҷавобгӯ будан ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои амалкунандаи сохтмонӣ Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун” бо озмоишгоҳи “Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмон”-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дахлдор ба имзо расонида, масолеҳи сохтмонии зарурӣ, танҳо баъд аз ба даст овардани хулосаи мусбӣ барои истифода дар бунёди иншоот иҷозат дода мешавад.

Дар ҷараёни корҳои паймонкорию васлгарӣ 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб фаро гирифта шуда, зиёда аз 10 адад техникаи махсуси пуриқтидор ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиёну масъулони лоиҳа ҷиҳати истифодаи пурра аз имконоту шароити мавҷуда барои бо сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани ин иншооти муҳим барои сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар ноҳияи Нуробод ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду ба истифода додани наздики 250 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай қисми бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Ба истифода дода шудани марҳилаи аввали лоиҳаи Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ дар шаҳраки Дарбанд боз як тӯҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ин ҷашни бузурги миллӣ ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод хоҳад буд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

 

Previous Post

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРҲОИ ОН

Next Post

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj