Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОҒОЗИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.10.2022
in Хабар
0
ОҒОЗИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ  БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРӢ
0
SHARES
588
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

1-уми октябри соли равон, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3-юми сентябри соли 2022, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар фазои идона оғоз гардид.

Тибқи иттилои расида, имсол шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин ба масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват имконият медиҳад, ки аз байни онҳо беҳтаринҳо ҷудо карда шаванд. Чунки натиҷаҳои чорабиниҳои даъватӣ ба вазъи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири бевосита мерасонад. Аз ин сабаб, масъулини даъват вазифадор гардидаанд, ки танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқатро даъват, интихоб ва ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намоянд.

Ин нуқта қобили таваҷҷуҳ аст, ки тайи солҳои охир шумораи ҷавонписарони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ афзун гардида, шаҳрвандон баъди гирифтани аввалин даъватнома, ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд. Ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки масъулини мақомоти вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ, аз як мавсим то мавсими даъвати дигар, мувофиқ ба талаботи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, ки гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони синни даъватиро барои адои хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар бар мегирад, корҳои зиёдеро амалӣ намуда, захираи даъватшавандагонро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муайян ва мушаххас намудаанд.

Илова бар ин, дар ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҳисоби масъулини бахшу шӯъбаҳои вобастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ таъсис дода шудаанд, ки аъзоёни вобасташудаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ, бо дарки масъулияти баланд, даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона ба роҳ мондаанд.

Мавриди ба зикр аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар баробари даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ҳамзамон сарбозоне, ки муҳлати муқаррагардидаи хизмати ҳарбиро дар қисмҳои низомии сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба итмом расонидаанд, дар давоми моҳҳои октябр ва ноябри соли равон, марҳила ба марҳила, аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

СУХАНРОНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

Next Post

ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ЯРМАРКАИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

26.01.2023
МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.01.2023
РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

РУШДИ ИЛМИ ҲАРБӢ

24.01.2023
ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ-ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

20.01.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj