Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 — 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Мутобиқи фармони мазкур, моҳҳои октябр — ноябри соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 — сола, ки то рӯзи даъват ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдори низомӣ даъват карда мешаванд.
Ба ин муносибат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ, намояндагони сохторҳои дахлдор, падару модарон ва аҳли ҷомеа чорабинии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид.
Дар чорабиниву ҷамъомадҳои доиргардида ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Қобили зикр аст, ки хизмати ҳарбӣ вазифаи конститутсионӣ ва рисолати шаҳрвандии ҳар як ҷавон буда, садоқат ба Ватан, ҳимояи марзу буми кишвар ва саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот аз арзишҳои муҳими шаҳрвандӣ ба шумор меравад.





