Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
01.04.2025
in Хабар
0
ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ ҶУМҲУРӢ
0
SHARES
443
VIEWS
Share on Facebook

1-уми апрели соли равон, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 19-уми феврали соли 2025, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи ҷузъу томи Артиши миллии мамлакат дар фазои идона оғоз гардид.

Илова бар ин, дар ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҳисоби масъулини бахшу шуъбаҳои вобастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ таъсис дода шудаанд, ки аъзоёни вобасташудаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо дарки масъулияти баланд даъвату гусели шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона ба роҳ мондаанд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз бо ҷалби навдаъватшавандагони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои пойтахт низ дар Муассисаи давлатии “Амфитеатр”-и шаҳри Душанбе чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” бо шукӯҳу  шаҳомати хоса доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён зимни суханронии худ ба тамоми навдаъватшавандагон ва волидайни онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, қайд карданд, ки ин ташаббуси ҷавонони собитқадам нишонаи баланди эҳтиром ба ин миллату ин сарзамин аст.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба навдаъватшавандагоне, ки курси кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа” хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.

Дар идома, барои баланд бардоштани рӯҳияи навдаъватшавандагон, волидайни онҳо ва аҳли нишаст аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги пойтахт чорабинии консертӣ доир карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар баробари даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ҳамзамон сарбозоне, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро дар қисмҳои низомии сохторҳои қудратии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба итмом расонидаанд, дар давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон, марҳила ба марҳила, аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Next Post

ХАТАРИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ХАТАРИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

ХАТАРИ ЭКСТРЕМИЗМУ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН

12.05.2026
МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН

12.05.2026
МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ РАСМӢ ДАР ШАҲРИ ПЕКИН

МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ РАСМӢ ДАР ШАҲРИ ПЕКИН

12.05.2026
САРФАРОЗГАРДОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО УНВОНИ ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ ПЕКИН ВА МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТ ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

САРФАРОЗГАРДОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО УНВОНИ ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ ПЕКИН ВА МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТ ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

12.05.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook