Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОҒОЗИ ДАВРИ ЯКУМИ ТАҲСИЛ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
02.01.2025
in Хабар
0
ОҒОЗИ ДАВРИ ЯКУМИ ТАҲСИЛ ДАР ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
0
SHARES
96
VIEWS
Share on Facebook

Аз аввали моҳи январи соли 2025 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми омӯзишӣ оғоз ёфт. Ба ин муносибат, дар Вазорати мудофиаи мамлакат, раёсатҳои навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ва дар тамоми ҷузъу томи Артиши миллии ҷумҳурӣ ҷамъомаду машғулиятҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.

Аз ҷумла, имрӯз дар толори асосии Вазорати мудофиаи мамлакат, чун ба мисли дигар сохторҳои зертобеи он ҷамъомади тантанавӣ бо садои Суруди миллӣ, баромади ҳайатҳои роҳбарӣ ва ба самъи ҳозирин расонидани нақша-чорабиниҳо ва талаботи фармоиши вазири мудофиа вобаста ба ташкилу баргузории даври якуми омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён гирифт.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-муовини якуми вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода зимни баромади худ доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, натиҷагирӣ аз даври дуюми омӯзишӣ ва оид ба ҳадафу моҳияти мавзуъҳои ба машғулиятҳои даври якуми омӯзишӣ пешбинигардида, изҳори назар кард ва аз хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо муносибати ҷиддиро дар самти омӯзишу аз бар намудани таълимоти ин давр талаб намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки вазъи ноустувору зудтағийрёбандаи ҷаҳони муосир имрӯз аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ омодабошии доимии ҷангӣ, ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти баланду муносибати ҷиддиро дар самти иҷрои вазифаву уҳдадориҳои хизматӣ тақозо мекунад. Зеро, тақвият бахшидани тамоми самту соҳаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба баланд гардидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири бевосита мерасонад.

Сипас, аз ҷониби масъулини раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ фармоиши вазири мудофиа дар бораи ташкили тайёрии ҷангӣ, тайёрии ҷамъиятӣ-давлатӣ ва таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ барои нимсолаи якуми соли таҳсили 2025 расонида шуд.

Қобили зикр аст, ки ба ҷамъомаду машғулиятҳои даври якуми омӯзишӣ муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони навъи қӯшунҳо, сардорон ва ҳайати шахсии раёсату шуъбаҳо ва хадамотҳои алоҳидаи Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбӣ, командирони қисмҳои низомӣ, афсарону сарбозон ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбии ҳама сатҳу зинаҳои Артиши миллӣ ҷалб карда мешаванд.

 

Чунин чорабиниҳои тантанавӣ ҳамзамон аввали моҳи январи соли 2025 дар пойгоҳи тамоми қисму воҳидҳои низомӣ ва ҷузъу томи тобеи навъи қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ низ бо ташкили ҷамъомаду машғулиятҳои дарсӣ, намоиши нуқтаҳои муҷаҳҳази таълимӣ, ки барои нимсолаи якуми омӯзишӣ пешбинӣ шудааст, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуданд.

Барои маълумот хотиррасон мекунем, ки ҳамасола дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду давраи омӯзишӣ пешбинӣ гардидааст, ки яке аз аввали моҳи январ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва дуюмин бошад, аз якуми июл шурӯъ гардида, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр ҷамбасту натиҷагирӣ карда мешавад. Рафти машғулиятҳои назариявӣ ва ҳам амалии ду давраи омӯзишӣ таҳти назорати роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷараён гирифта, зимни ҷамъбаст натиҷаи он таҳлилу баррасӣ ва сатҳи иҷрои талаботи таълимоти давраҳои таҳсил баҳогузорӣ мешаванд.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШГАРОНИ АРТИШ ДАР СОЛИ 2024

Next Post

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ МАМЛАКАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ МАМЛАКАТ

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ МАМЛАКАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook