Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОМОДА БА ҲАР САНГАР-ДЕСАНТИ ҲАМЛАОВАР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
27.10.2023
in Хабар
0
ОМОДА БА ҲАР САНГАР-ДЕСАНТИ ҲАМЛАОВАР
0
SHARES
149
VIEWS
Share on Facebook

Пешгирӣ ва омодагӣ ҷиҳати муқовимат бо ҳар гуна таҳдиду хатарҳои рӯзафзуни замони муосир яке аз вазифаҳои асосии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва ҳайати шахсии сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар гардидааст. Қабули стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 далели гуфтаҳои боло мебошад.

Дар ин замина ҳайати роҳбариву фармондеҳии Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба он водор месозад, ки дар баробари ташкилу баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ ва дигар тамринҳои амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, инчунин размоишҳо дар ҳайати ротаву баталионҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбиро аз ҳарвақта бештар ташкилу роҳандозӣ намоянд, то ки дар ҳама ҳолат сатҳи баланди омодабошии ҷангии ҳайати шахсӣ ва истифодаи ҳама гуна техникаву таҷҳизоти низомиро таъмин карда тавонанд.

Агарчӣ баргузории ин қабил машқҳо ба ҳадафҳои дар боло зикргардида рабт дошта бошад, аз ҷониби дигар он татбиқи амалии нақша-чорабиниҳои низомиёнро дар самти омодабошии ҷангӣ нишон медиҳад. Маҳз бо ана ҳамин мақсад ва дар доираи амалинамоии нақшаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чанде қабл дар пойгоҳи машқгоҳи саҳроии “Фахробод”-и гарнизони Хатлон ва тамрингоҳи кӯҳии “Мағоб”-и дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқҳои десантчиён дар ҳайати ротаву баталионҳои десантӣ доир гардид.

Машқҳои ротавӣ-тактикии гурӯҳи чорабиниҳои махсуси Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамал, ки дар тамрингоҳи кӯҳии “Мағоб” ташкилу гузаронида шуд, он таҳти роҳбарии ҳайати фармондеҳии ин навъи қӯшун ва бо иштироки воҳидҳои махсуси десантӣ, разведка ва як ҷузъи ҳамлаовари десанти кӯҳӣ ҷараён гирифт. Ҳайати афсарону сарбозони ҷузъу томи зикргардида дар асоси вазифау ӯҳдадориҳои низомии хеш ва тибқи матлаби баргузории тамринҳои тактикии навбатӣ амал намуда, аз роҳу усулҳои гуногун ва мувофиқ ба шароити манотиқи баландкӯҳ кор бурданд.

Аз ҷумла, бо дастрасӣ ва коркарди маълумотҳои разведкавӣ ҳайати шахсии ротаи таъйиноти махсус, гӯё мавқеи буду боши гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадастро дар яке аз минтақаҳои аҳолинишин муайян карда, бо роҳу усулҳои тактикӣ ва бо истифода аз навъҳои силоҳу муҳиммоти ҷангӣ амалиёт доир менамоянд. Зимни чорабиниҳои махсус ва тибқи матлаби ба машқҳо пешбинигардида, қисми асосии душманони шартӣ дастгиру безарар гардонида шуда, теъдоди хурди онҳо бошанд ба талу теппаҳо фирор намудаанд.

Аз ин рӯ, бо қабул намудани ишора гурӯҳи разведкачиён ё худ кашшофон ба мавқеи душманони фирорӣ сафарбар гардида, зимни гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯи бо истифода аз таҷҳизоту воситаҳои замони муосир, яъне дронҳо мавқеи паноҳбурдаи онҳоро муайян мекунанд.

Бо ҳамин тартиб, баъди муайян намудани мавзеи душманони фирорӣ, як воҳиди ҳамлаовари десанти кӯҳӣ дар доираи вазифаву ӯҳдадориҳои ба онҳо пешбинигардида ва бо истифода аз таҷҳизоти мухталифи кӯҳнавардиву силоҳҳои отшфишони ҷангӣ дар манотиқи баландкӯҳ, гурӯҳи хурди ғайриқонунии силоҳбадастро пурра ба иҳота гирифта, онҳоро безарар мегардонанд.

Зимни ҷамъбасту натиҷагирии марҳилаҳои макшқҳо дар нуқтаи фармондеҳӣ, командири бригада ҳайати иштирокчиёни машқҳои ротавӣ-тактикиро барои бомуваффақият иҷро намудани ҳама вазифаҳои дар наздашон гузошташуда табрик карда, онҳоро бо сипосномаву ифтихорномаҳои ҳайати фармондеҳӣ қадрдонӣ намуд.

Ҳамин гуна машқҳои тактикӣ бо ҷалби ҳайати взводу ротаҳои десантӣ дар машқгоҳи “Фахробод” низ доир гардид. Тибқи матлаби баргузории тамринҳои навбатӣ гӯё гурӯҳи ғайриқонунии силоҳбадаст дар биноҳои маъмурӣ мавқеъ гирифта, нақшаи амалинамоии ҳодисаҳои харобкоронаро тарҳрезӣ намуданд ва гурӯҳи дигар бошанд бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мехостанд, вазъро дар яке аз минтақаҳои масъулиятноки марзӣ ноором созанд. Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна хавфу хатар ва зада баргардонидани ҳуҷуми душманони шартӣ байни қувваҳои сулҳхоҳ ва гурӯҳҳои ѓайриқонунии силоҳдор муқовимати мусаллаҳона сурат мегирад, ки дар натиҷаи он гӯё душманони эҳтимолӣ пурра маҳв карда мешаванд.

Дар ин машқҳо ҳар як мавзеи шартии душманро ҳайати шахсии ширкатдошта вобаста ба маҳал ва хусусияти ҷойгиршавияш мавриди оташ карор дода, бо роҳу воситаҳои гуногун кӯшиш мекарданд, ки вазифаҳои вобасташударо сарбаландона иҷро намоянд.

Бояд қайд кард, ки дар ин тамринҳо ҳайати шахсии ҷузъу томи десантӣ аз техникаҳои вазнини низомӣ, аз қабили мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ истифода намуданд. Ба андешаи масъулин мақсади асосии ташкилу роҳандозӣ намудани тамринҳои навбатӣ, ин пеш аз ҳама баланд бардоштани донишу маҳорати тактикии ҳайати шахсӣ ва омодагии доимии онҳо бар зидди ҳама гуна хатару таҳдидҳои эҳтимолӣ мебошад.

Зимни ҷамъбасти машқҳои ротавӣ-тактикии десантчиён масъулини Қӯшунҳои зудамал дар назди ҳайати иштирокчиёни он баромад намуда, ба маҳорати касбиву қобилияти ҷангӣ ва сатҳи омодагии ҳар як афсару сарбози дар машқҳо иштирок намуда, баҳои муносиб доданд ва таъкид карданд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндае чун терроризму экстремизм ҳамеша пайи эҷоди роҳҳои муассири такмили касбият бошему баҳри таъмини амнияти устувор талош намоем.

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

 

 

Previous Post

НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШ 66 ФОИЗ ИҶРО ШУД

Next Post

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook