Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
07.02.2023
in Хабар
0
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ АРТИШИ МИЛЛӢ
0
SHARES
934
VIEWS
Share on Facebook

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, пояи матин ва кафили бехатарии ҳар як кишвар аст. 23-юми феврали соли равон аз рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ ва дар зарфи 30 соли мавҷудият озмоишҳои ҷиддӣ, пайраҳаи пурпечу тоб ва монеаҳои сахту сангинро пушти сар намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва дар партави таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гардид.
Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар зарфи ин солҳо обрӯю эътибори Артиши миллӣ дар миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон афзун гашта, мардуми кишвар хизматҳои шабонарўзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи меҳанро қадр мекунанд ва аз муҳофизони Ватани хеш ифтихор менамоянд ва ин албатта амали воқеист. Чунки низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбии Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти кониститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳама дастоварду музаффариятҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади арҷгузорӣ нисбат ба хизматҳои шоёни таҳсини афсарону сарбозон, хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ва дар маҷмӯъ муҳофизони ин марзу бум, ҳамасола ба муносибати таҷлил аз рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар қаламрави мамлакат, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шуда, он дар сатҳи баланд баргузор карда мешаванд.
Имсол низ ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, навъи қӯшунҳо, қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва ҳама сохторҳои зертобеи ин ниҳоди қудратӣ дар доираи таҳия ва тасдиқи нақша чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ омодагии ҳамаҷониба дидаанд.
Аз ҷумла, ташкили конфронсҳои илмӣ-амалӣ, озмунҳои фарҳангӣ фароғатӣ, барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар сафи артиш, бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ намудани хизматчиёнӣ ҳарбӣ, тақдими рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳоди барномаҳои консертӣ, намоиши аксу мусаввараҳои таърихӣ, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимон дар сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, аёдати собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирӣ намудани узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, арҷгузорӣ нисбат ба афсарону сарбозони ҳалокгашта ва даҳҳо чорабиниҳои дигарро то рӯзи ҷашн доир намоянд.
Илова бар ин, дар баробари ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, масъулин азм доранд, ки то санаи 23-юми феврал ба муносибати истиқболи сазовор аз 30 солагии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳудуди ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ 57 бинову иншооти аҳамияти ҳарбӣ доштаро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа соли сипаригашта, баҳри дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ин ҷашн, шиореро, таҳти унвони “30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо омодабошии баланди ҷангӣ, интизоми намунавӣ ва бунёдкориву созандагӣ истиқбол мегирем!” қабул намуда, азм доранд, ки то рӯзи таҷлил аз ин санаи муҳиму таърихӣ ва тибқи нақша-чорабиниҳои тарҳрезигардида давоми соли равон корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.

                          Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи
Чумҳурии Тоҷикистон,
полковник

 

Previous Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ

Next Post

ОҒОЗИ ОЗМУНИ «СУРУДИ САРБОЗ»

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОҒОЗИ ОЗМУНИ «СУРУДИ САРБОЗ»

ОҒОЗИ ОЗМУНИ «СУРУДИ САРБОЗ»

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook