Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОМОДАГӢ БА ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
17.05.2023
in Хабар
0
ОМОДАГӢ БА ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ
0
SHARES
219
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, имрӯзҳо дар тамоми қисму воҳидҳои низомии кишвар қабулу ҷобаҷокунии наваскарон ва гусели сарбозоне, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонидаанд, марҳила ба марҳила идома дорад.

Чорабинии гусели сарбозон аз ҳайати сохторҳои қудратии мамлакат ва қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Артиши миллӣ тибқи талаботи ойинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ ба роҳ монда мешаванд.

Албатта, хизмати ҳарбӣ ба худ талабот ва қоидаҳои махсуси муносибату рафтори ойинномавиро дорад, ки ворид гардидан ба қисми низомӣ аз ҳар як ҷавон масъулият ва омӯзишро тақозо мекунад. Афсарони масъули қисмҳои низомӣ наваскаронро зимни шомил шудан ба ҳайати ҷузъу том бо сару либоси низомӣ ва дигар молу амволи шайъӣ таъмин карда, нахуст бо шароитҳои мавҷуда, бинову иншооти ҳарбӣ, таъйиноти самти фаъолияти қисмҳои низомӣ, техникаҳои ҷангӣ ва дигар силоҳу муҳиммоти дар қисми ҳарбӣ буда шинос менамоянд ва ба омӯзиши таълимоти ҳарбӣ фаро мегиранд.

Аз ҷумла гурӯҳи наваскарон, ки айни ҳол рӯзҳои нахустини хизмати ҳарбии худро дар Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пеш бурда истодаанд, имрӯзҳо дар доираи таълимоти курси кӯтоҳмуддати наваскарӣ ё худ барномаҳои таълимии ҷанговарони ҷавон талабот ва меъёрҳои гуногуни ҳарбиро ба таври назариявӣ аз худ намуда, ӯҳдадориҳои хизматӣ, савганду саломи ҳарбӣ ва дигар нозукиҳое, ки тӯли фаъолияти минбаъда барои сарбозон иҷрои он ҳатмӣ мебошад, сипарӣ мекунанд.

Агарчӣ, дар рӯзҳои аввали хизмат ва давраи курси кӯтоҳмуддати ҳарбии навскарон ба онҳо ягон навъ силоҳи ҷангӣ вобаста нагардад ҳам, вале дар ин давра ба онҳо аз ҷониби афсарони ҷавон шакл, сохт, хислатҳои ҷангии навъи силоҳи оташфишони ҷангӣ, ба қисмҳо ҷудо ва насб намудани он омӯзонида мешавад.

Омӯзишу мавриди истифода қарор додани навъҳои дигари силоҳу муҳиммоти ҳозиразамони низомӣ, роҳу усулҳои мудофиа ва тактикаҳои ҷангӣ бошад, ба сарбозони Артиши ҷавони Тоҷикистон пас аз ёд намудани Савганди ҳарбӣ, дар доираи барномаҳои мукаммали таълимӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Машқҳои сафороӣ, ки дар доираи машғулиятҳои амалии курси кӯтоҳмуддати наваскарӣ дар ин қисми ҳарбӣ роҳандозӣ гардида буд, зимни он командири гурӯҳе аз наваскарон ва сержантони вобастаи ин гурӯҳ дар майдони сафороӣ тарзи додани саломи ҳарбӣ, ҳолати низом истодан дар саф, ҳаракати низомии бесилоҳ ва ҳолати бо силоҳ қабул намудани Савганди ҳарбиро ба ҳар як наваскар амалан нишон дода, онҳоро ба қабули савганди садоқат ба халқу ватан, ки то баргузории ин маъракаи муҳим дар қисми ҳарбӣ рӯзҳое ба шумор мондааст, тайёр мекарданд.

Умуман, таълиму омӯзиши наваскаронро афсарону сарбозони ботаҷриба бар зима доранду кӯшиш менамоянд, ки онҳоро дар рӯҳияи хизмати шоиста ва пос доштани муқаддасоти Ватан тарбия намоянд.

Вобаста ба шароиту  имконоти фароҳамбуда ҳаминро бояд зикр намуд, ки имрӯз барои сарбозон чун дигар қисму воҳидҳои ҳарбӣ низ синфхонаҳои таълимӣ, хобгохи замонавӣ, нуқтаи тиббӣ, майдочаи варзишӣ, ошхона ва дигар шароитҳои хизмативу маишӣ фароҳам буда, имкон медиҳад, ки онҳо ниёзҳои маънавӣ ва ҷисмонии худро бо мутолиаи китобҳои гуногуни ҳарбӣ ва машғулиятҳои варзишиву тактикӣ бароварда созанд.

Пас аз итмоми курси якмоҳаи наваскарӣ ва ёд намудани Савганди ҳарбӣ наваскарон бо назардошти ҳунару маҳорат ва донишу таҷрибаашон ба вазифа ва ӯҳдадориҳои муайян вобаста карда мешаванд, ки сарбозонро ба масъулиятшиносӣ водор намуда, онҳоро ба фаъолияти мустақилона дар хизмати бар ӯҳдадошта ва зиндагии ояндаашон омода менамояд.

Б. ШАРИФОВ

 

 

 

Previous Post

САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОНИ МЕҲАН

Next Post

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ШАРАФ АСТ!

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ШАРАФ АСТ!

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ШАРАФ АСТ!

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БОБОҶОН ҒАФУРОВ – БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК», БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

СУХАНРОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БОБОҶОН ҒАФУРОВ – БУЗУРГТАРИН МУҲАҚҚИҚ ВА МУАРРИФГАРИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК», БА ИФТИХОРИ 115-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ

05.12.2023
“ТОҶИКОН” — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

“ТОҶИКОН” — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

04.12.2023
СУХАНРОНӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ ПЛЕНАРИИ КОНФРОНСИ 28-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СММ ДОИР БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

СУХАНРОНӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ ПЛЕНАРИИ КОНФРОНСИ 28-УМИ ҶОНИБҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СММ ДОИР БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

02.12.2023
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

30.11.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj