Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
03.07.2024
in Хабар
0
ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ
0
SHARES
130
VIEWS
Share on Facebook

Чун дигар афсарони сатҳу зинаҳои гуногуни Вазорати мудофиа, ҳайати шахсии Раёсати тиббӣ-ҳарбӣ, госпиталҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ ва масъулини хадамотҳои тиббии қисму воҳидҳои низомии ин ниҳоди қудратии кишвар низ зимни ҳар як давраи омӯзишӣ, яъне дар як сол ду маротиба ба ҷамъомадҳои методӣ-таълимӣ ҷалб карда мешаванд ва дар рафти ин гуна ҷамъомадҳо мавзӯву масъалаҳои мухталифи соҳавиро мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Ҷамъомади навбатии табибони низомӣ, ки давоми ду рӯз дар пойгоҳи Госпитали марказии ҳарбии Вазорати мудофиа доир гардид, дар нахустрӯзи он пеш аз ҳама аз ҷониби иштирокчиёни ҷамъомад асосан мавзӯву масъалаҳои силоҳи биологӣ ва намудҳои он, талафоти санитарӣ аз силоҳи биологӣ ва чорабиниҳои зиддиэпидемиологӣ ҳангоми сар задани манбаи эпидемикӣ, қоида ва усулҳои терапияи интенсивӣ мавриди омӯзиш ва таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар рафти ҷамъомад ба масоили таъминоти ҷузъу том бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, нигоҳдорӣ ва самаранок истифода бурдани онҳо диққати махсус равона карда шуд.

Қисмати амалии ҷамъомад, ки рӯзи дигари онро дар бар мегирифт, дар аснои он афсарони соҳа ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои табобатӣ-профлактикӣ дар шароити бунгоҳи тиббиро бозомӯзӣ намуданд. Барои босифат ва дар сатҳи баланд ташкилу гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, дар нуқтаҳои таълимӣ, хаймаҳои саҳроӣ, дастгоҳу таҷҳизоти гуногун ва дигар воситаҳои хизматрасонии тиббӣ фароҳам гардида буд.

Дар ин қисмати машғулиятҳо афсарони хадамотҳои тиббии ҷузъу том роҳҳои расонидани ёрии аввалин ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми осеббардорӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи қисмҳои ҳарбӣ, тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои лозима ва интиқоли беморон ба муассисаҳои табобатиро амалан нишон доданд. Ҳамин тавр, табибони ботаҷриба иштирокчиёни ҷамъомадро дар ҳар бахш бо қоидаву талаботи дурусти кӯмаки тиббӣ шинос намуда, марҳилаҳои интиқоли тиббии беморону захмдорон, муайяну мушаххас гардонии дарду захми онҳоро низ ба таври амалӣ фаҳмониданд.

Дар воқеъ, ташкили чунин ҷамъомадҳои омӯзишии соҳавӣ дар шароити гуногуни хизматӣ ва ҳолатҳои эҳтимолӣ ба самаранокии кору фаъолияти тиббии табибони низомӣ дар сафи ҷузъу томи Артиш мусоидат мекунад. Зеро, онҳо дар раванди хизмати рӯзмарра, яъне замони осоишта, ҳолати ҷанг ва умуман дар ҳама гуна вазъият масъулияти ҳифзи саломатии ҳайати шахсиро бар ӯҳда доранд.

Ҳамин тавр, дар қисмати ҷамъбастии ҷамъомад дар баробари музокира ва таҳлили мавзуъҳои ба машғулиятҳо пешбинигардида, роҳу воситаҳои муассири пешгирӣ аз бемориҳои мавсимӣ, ҳамчунин дар охир уҳдадориҳои шахсони вазифадори хадамоти тиббӣ, тарзи ташкили назорати санитарӣ, корҳои табобативу ташхисӣ ва баҳисобгирию ҳисоботи тиббӣ дар қисмҳои ҳарбӣ муҳокимаву баррасӣ гардиданд.

                                                                                          Б. ШАРИФОВ

Previous Post

ТАКМИЛИ МАЛАКАИ КАСБӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ

Next Post

“СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”-ИҚДОМИ МУҲИМ ВА ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
“СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”-ИҚДОМИ МУҲИМ ВА ТАҚОЗОИ ЗАМОН

“СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”-ИҚДОМИ МУҲИМ ВА ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГЕНЕРАЛ-ПОЛКОВНИК ЭМОМАЛӢ СОБИРЗОДА БО ВАЗИРИ ФЕДЕРОЛИИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ҶАНОБИ ХОҶА МУҲАММАД ОСИФ

14.11.2025
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

14.11.2025
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ КУМИТАИ МУШТАРАКИ САРДОРОНИ СИТОДҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

13.11.2025
НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

НАТИҶАИ 40-РӮЗАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

11.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook