Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОМОДАГИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОМӮЗИШ ДАР АРТИШ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
17.12.2021
in Хабар
0
ОМОДАГИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ   БА ДАВРИ НАВБАТИИ ОМӮЗИШ ДАР АРТИШ
0
SHARES
574
VIEWS
Share on Facebook

Пас аз анҷоми бомуваффақонаи дарсу таълимоти низомии ҳар як давраи таҳсил дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, хизматчиёни ҳарбӣ аз фанҳои дақиқи низомӣ ба таври назариявию амалӣ санҷиш супорида, ҳамчунин ба ҷамъомадҳои гуногуни таълимӣ ва баромадҳои саҳроӣ ҷалб мегарданд.

Тамринҳои сафӣ-тактикӣ, ки дар доираи ҷамъбасти соли хониш, омодагиҳо ба даври навбатии омӯзиш ва бо мақсади санҷиши омодабошии ҷангӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии минтақаи Рашт ташкилу ба роҳ монда шуд, тибқи матлаби пешакии тамринҳо, гурӯҳи тактикии қисми ҳарбиро зарур буд, то роҳу усулҳои нави ҳифз ва мудофиаи шаҳракҳои ҳарбиро амалан роҳандозӣ намоянд.

Аз ин рӯ, бо гирифтани ишора, қабул намудани силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ, гурӯҳи такткикии қисми ҳарбӣ дар майдони сафороӣ ҷамъ омода, барои иҷрои ҳама дастуру супоришҳо омодагӣ мегирифтанд.

Ҳамин тавр, бо қабул намудани қарори дахлдор вобаста ба вазъияти эҳтимолӣ ва мавзуъву матлаби ба тамринҳои сафӣ-тактикӣ пешбинигардида, як гурӯҳ афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ бо тартиби муқарраргардида амал намуда, ба воситаи техникаҳои ҳарбиву автомобилӣ ва мошинҳои махсуси ба тамринҳои тактикӣ ҷалбгардида ба иҷрои супоришҳои вобасташуда раҳсипор карда шуданд.

Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки дар давраи таътил, афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ низ чун дигар низомиёни мамлакат дар баробари ҷалбгардидан ба ҷамъомадҳои амалии таълимӣ ва дар ин замина, сайқал бахшидани донишу маҳорати касбӣ, инчунин тибқи нақшаи алоҳидаи тасдиқгардида ба мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ фаро гирифта мешаванд.

Наваскарон бошанд, тибқи машғулиятҳои таълимии ба онҳо пешбинигардида, ба омӯзиши хусусиятҳои тактикиву ҷангии силоҳу муҳиммоти ҳарбӣ машғул шуда, бо роҳи ба қисмҳои ҷудо ва насб намудани навъҳои силоҳ, аз қабили, милтиқи мергани Драгунов, Пулемёт ва Автомат Калашников, сохт ва қисмҳои таркибии онро  аз худ менамоянд.

Дар доираи омодагиҳо ба соли нави таҳсил, ки он аз аввали моҳи январи соли 2022, дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад, бинову синфхонаҳои таълимӣ, аёнияту таҷҳизоти дарсӣ ва дигар шароити зарурӣ омода карда шуда, командирон, муовинони онҳо вобаста ба самти фаъолияти худ ва дигар афсарони масъул нақшаву барномаҳои таълимиро коркарду тарҳрезӣ менамоянд.

Ин нукта қобили зикр аст, ки дар заминаи дастгириву ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва таҷлил аз солгарди ин санаи муҳими таърихӣ, танҳо дар Вазорати мудофиаи мамлкат ва ҷузъу томи навъҳои қӯшуни Қувваҳои Мусаллаҳ наздики 500 бинову иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шудааст.

Дар доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ, қарор додани иншооти мухталифи ҷашнӣ дар минтақаи Рашт, як бинои дуошёнаи Раёсати қисми ҳарбии 02011, бо тамоми шароити муосири хизматӣ ва бо тарҳу услуби замонавӣ сохта шудааст. Вобаста ба азнавсозии як қисми ҳарбии зертобеи он бошад, хобгоҳи замонавӣ бо имкониятҳои васеи хизматрасонӣ дар дохили бино ва бо фарогирии дигар утоқҳои кориву хизмати маишӣ, хонаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва нигоҳдории силоҳҳои оташфишони ҷангӣ бунёд гардидааст, ки мавриди истифодаи васеи ҳайати шахсӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, дар дохили қисми ҳарбӣ ,мувофиқ ба талаботи давру замон, синфхонаҳои таълимӣ, толори маҷлис, китобхона, истгоҳи технкикӣ бо синфхонаҳои тайёрии ронандагӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва дигар иншооти гуногун сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Бинову иншооти зикргардида ва шароити фароҳамбуда дар онҳо имконият медиҳад, ки ҳамаи ҳайати шахсӣ хизмати рӯзмарраи хешро сарбаландона пеш бурда, тамоми машғулиятҳои таълимиву тактикиро дар сатҳи зарурӣ ташкилу роҳандозӣ намоянд ва барои ҳифзу ҳимояи давлати ҷавони Тоҷикистон ва дастовардҳои беанзири 30 соли соҳибистиқлолии он, ҳамеша омода бошанд.

 

Боқӣ ШАРИФОВ,

майор

Previous Post

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ- ОМИЛИ АСОСИИ ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ

Next Post

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҶАМЪОМАДИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ ВА МАШҒУЛИЯТҲОИ ОМОДАГИИ САФАРБАРӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

15.05.2025
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 80-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ШАҲРИ МОСКВАИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ

09.05.2025
МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

МАРОСИМИ ҚАБУЛИ САВГАНДИ ҲАРБӢ ДАР ГАРНИЗОНИ ДУШАНБЕ

09.05.2025
СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

СУХАНРОНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҒАЛАБА

08.05.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook