18-уми марти соли равон тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҷаласаи корӣ доир ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии амалиётӣ-стратегии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои мудофиаи ҳудудии Ҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи омодагии сохторҳои дахлдор ба мудофиаи давлат мавриди муҳокима қарор гирифт.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон