Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОМОДАГИИ НИЗОМИЁН БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
04.09.2024
in Хабар
0
ОМОДАГИИ НИЗОМИЁН БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
0
SHARES
71
VIEWS
Share on Facebook

 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша таъкид ва хотирнишон месозанд, ки ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва обу хоки аҷдодӣ қадру манзалат дорад,  пеш аз ҳама, бояд ҳама дастовардҳои беназири Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд.

Хурсандибахш аст, ки дар давоми 33 соли соҳибистиқлолӣ обрӯю эътибори Артиши миллӣ дар миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон афзун гашта, мардуми кишвар хизматҳои шабонарӯзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи меҳанро қадр мекунанд ва аз муҳофизони Ватани хеш ифтихор менамоянд, ки ин албатта амали воқеист. Чунки низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва зимни таъсисёбии Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳама дастоварду музаффариятҳои Истиқлоли миллӣ, пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар ин замина, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат низ имрӯзҳо дар баробари таҳия ва татбиқи амалии нақша-чорабиниҳо ҷиҳати дар навбати аввал иҷро намудани тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри таҷлил аз ҷашни миллии-Истиқлоли давлатӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Дар робита ба ин, хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ дар баробари тақвият бахшидани тамоми самтҳои фаъолияти соҳавӣ, инчунин баҳри сазовор истиқбол намудани ин ҷашни бузурги таърихӣ, 33-юмин солгарди Истиқлолӣ давлатӣ Нақша-чорабиниҳои азиму созандаро ба тасвиб расонида, дар рӯзҳои муайяншуда як қатор чорабиниҳои гуногуни сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзиширо дар сатҳи баланд доир менамоянд.

Аз ҷумла, масъулини ин ниҳоди баландпояи қудратӣ азм доранд, ки дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ шурӯъ аз Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо ҷалби низомиёни ҳама зинаҳо ва мартабаҳо чорабиниҳои зайлро, аз қабили ҷамъомади тантанавии ҷашнӣ, барои хизматҳои арзандаву бенуқсон ҳавасмандгардонии хизматчиёни ҳарбӣ, конфронсҳои ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ, таҳияи мақолаҳои ҷолибу ба табъ расонидани рӯзномаи идона, пешниҳоду баргузор намудани барномаҳои консертӣ, дар қисму воҳидҳои низомӣ ташкилу ба роҳ мондани суҳбату вохӯриҳо бо афсарону сарбозон ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, дастгирии курсантону сарбозони ятими кулл дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва қисмҳои низомӣ, ба истифода додани иншооти гуногуни ҷашнӣ, таъмиру тармими биноҳои аҳамияти ҳарбӣ дошта, ташкил ва гузаронидани шанбегӣ, ҳашари умумӣ, оро додани дохил ва ҳудудӣ ҷузъу том бо шиору овезаҳо, дар арафаи ҷашн роҳандозӣ намудани ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, маводи озуқаворӣ, барои ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ оростани дастурхони идона, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва силсилачорабиниҳоро ба муносибати ин ҷашни фархунда баргузор намоянд.

Умуман, боиси хушнудиву сарфарозиаст, ки имрӯз хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ бо дарки масъулияти фарзандӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва бо иродаи қавӣ ба савганди ёдкардаи хеш, дар баробари ҳимояи ҳама дастоварҳои беназири Истиқлоли давлатӣ, таъмини амният ва ҳаёти осоиштаи халқи азизамон, ҳамзамон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар қатори мардуми шарифи Тоҷикистон бо хизмати содиқона ва меҳнати бунёдкорона ва бо азму иродаи қавӣ баҳри гулгулшукуфоии Ватани азиз ва ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник 

Previous Post

ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА РУТБАҲОИ ҲАРБӢ БА ХИЗМАТЧИЁНИ НИЗОМӢ ВА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Next Post

ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

ОЗМУНИ ҶОЙҲОИ ХОЛИИ КОРӢ ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook