Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОМОДАГИИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН БА ҶАШНИ КАСБӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.02.2024
in Хабар
0
ОМОДАГИИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН БА ҶАШНИ КАСБӢ
0
SHARES
255
VIEWS
Share on Facebook

Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ нуфузи Артиши миллӣ дар миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон афзун гашта, мардуми кишвар хизматҳои шабонарӯзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи меҳанро қадр мекунанд ва аз муҳофизони ватани хеш ифтихор менамоянд, ки ин албатта амали воқеист. Чунки низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбии Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳама дастоварду музаффариятҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони Тоҷикистони азиз ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.

Ин аст, ки ҳамасола ба муносибати таҷлил аз рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва бо мақсади арҷгузорӣ нисбат ба хизматҳои шоёни таҳсини афсарону сарбозон, хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ва дар маҷмӯъ муҳофизони ин марзу бум, дар қаламрави мамлакат, чорабиниҳои гуногуни сиёсиву низомӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шуда, он дар сатҳи баланд баргузор карда мешаванд.

Дар ин замина ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат низ имрӯзҳо дар баробари таҳия ва татбиқи амалии нақша-чорабиниҳо, ҷиҳати дар навбати аввал иҷро намудани тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри таҷлил аз ҷашни муҳофизони Ватан омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Дар доираи нақша-чорабиниҳо, ки аллакай аз нимаи дуюми моҳи январи соли 2024 тасдиқ гардидааст, масъулини Вазорати мудофиаи мамлакат азм доранд, ки ба муносибати истиқболи сазовор аз ҷашни Артиши миллӣ, як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, варзишӣ ва таблиғотиро ташкилу роҳандозӣ намоянд.

Аз ҷумла, маҷлиси тантанавӣ, маросими гулчамбаргузорӣ дар назди муҷассамаи “Шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва Оромгоҳи сарбози номаълум, ташкили конфронсҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ, бо ҷалби ҳунармандони хушсалиқаи мамлакат, таҳия ва пешниҳоди консерти бошукӯҳи ҷашнӣ, озмунҳои фарҳангиву фароғатӣ, дар боғҳои ҳудуди пойтахт ташкил намудани барномаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ баргузор кардани дарсҳои кушод доир ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини мудофиаи давлат, оид ба дастовардҳои Артиши миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, барои хизматҳои арзандаву бенуқсон дар сафи артиш, бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ намудани хизматчиёнӣ ҳарбӣ, тақдими рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимон дар сохторҳои зертобеи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, аёдати собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирӣ намудани узви оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтида, арҷгузорӣ нисбат ба афсарону сарбозони ҳалокгашта ва даҳҳо чорабиниҳои дигарро то рўзи ҷашн доир намоянд.

Илова бар ин, дар баробари ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ, масъулин тасмим гирифтаанд, ки то санаи 23-юми феврал ба муносибати истиқболи сазовор аз 31- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳудуди ҳама гарнизонҳои ҷумҳурӣ як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбӣ доштаро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Чумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

«СУРУДИ САРБОЗ»-КАШФИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН

Next Post

ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ДАР РУШДИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook