Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОМОДАГИИ АФСАРОНИ ОЯНДА БА ТАҲСИЛ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.08.2024
in Хабар
0
ОМОДАГИИ АФСАРОНИ ОЯНДА БА ТАҲСИЛ
0
SHARES
235
VIEWS
Share on Facebook

Чун солҳои қаблӣ низ сафи довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва дигар муассисаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷи кишварро доштанд, соли равон хело зиёд буданд. Тибқи иттилои масъулини Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиа дар раванди қабул ҷавонони зиёд аз ҳисоби хатмкунандагони солҳои таҳсили 2023-2024 баҳри шомил шудан ва идома додани таҳсили низомӣ ба комиссияи қабули Донишкадаи ҳарбӣ ва Литсейи ҳарбии ин ниҳоди қудратии кишвар муроҷиат мекарданд, ки бо тартиби муайянгардида ҳамаи онҳо аз комиссияи тиббӣ гузаронида шуданд ва нафарони солиму бардам барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ роҳхат гирифтанд. Ҳамин тавр, пас аз муоинаи дақиқи тиббӣ ва супоридани имтиҳонҳо нафарони қобил ба хизмати ҳарбӣ ба курси якуми муассисаҳои таълимии ҳарбии зикргардида шомил шуданд.

Наздики як моҳ аст, ки онҳо ба омӯзиши курси тайёрии ҷанговари ҷавон машғул мебошанд ва пас аз анҷоми ин машғулиятҳо курсантон баҳри садоқат ба халқу Ватан Савганди ҳарбӣ ёд намуда, шурӯъ аз якуми сентябр ба дарсу таълимоти низомӣ фаро гирифта мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки барномаи таълимии курси ҷанговари ҷавон аз рӯйи барномаи таҳсилот ва нақшаи таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаву дастурамалҳои методӣ-таълимии  Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, оинномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ коркард ва таҳия шудааст. Ҳисоби машғулиятҳои таълимӣ дар як рӯз 8 соатро ташкил медиҳад, ки мақсад аз роҳандозӣ намудани он, пеш аз ҳама пурра намудани сатҳи дониши курсантони курси якум доир ба фанҳои ихтисосӣ, баланд бардоштани маҳорати фармондеҳӣ-методӣ, малакаи корҳои тарбиявӣ ва тарбияи ҷисмонии ҳайати шахсии курсантон мебошад.

Ҳамарӯза соатҳои омӯзишии барнома аз рӯйи фанҳои таълимии тактикӣ, тайёрии оташфишонӣ, тайёрии ҳарбӣ-муҳандисӣ, оинномаҳои ҳарбӣ ва тайёрии сафороӣ ҷараён дорад, ки дар маҷмӯъ курсантони соли аввал бо сатҳу сифати баланд ба таълиму омӯзиши барномаҳои курси тайёрии ҷанговари ҷавон фаро гирифта шудаанд.

Мавзӯъ ва мундариҷаи машғулиятҳо дар соатҳо ва рӯзҳои аввали таълимоти низомӣ пурра ба соҳаи ҳарбӣ бахшида шудааст, то ки донишандӯзон ё худ афсарони оянда дар нахустрӯзи таҳсил бо аҳди ҷавонмардона ва нерӯйи шикастнопазир барои мудофиаи Ватан ва ҳимояи мардуми ин сарзамин омодагӣ гиранд.

Аз ҷумла, дар машғулиятҳои омодагии сафороӣ курсантон бо омӯзиши назариявии муқаррароти умумии Оинномаи сафороии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, инчунин дар соати амалии машғулиятҳо мавзуъҳои вобаста ба вазифаҳои командирон ва сарбозон пеш аз сафороӣ ва дар саф, ҳолати сафист, гардиш дар ҷои ист, гардишҳо ҳангоми ҳаракат, додани саломи ҳарбӣ, баромадан аз саф ва баргаштан ба сафро меомӯхтанд.

Машқи саф, ҳаракати бе силоҳ ва қадамзании сафӣ дар ҳайати взвод низ идомаи ҳамин машғулиятҳо буд, ки онро курсантон бо камтарин хатоҳо иҷро мекарданд ва ҳамзамон барои қабули Савганди ҳарбӣ омодагӣ мегирифтанд.

Машқҳои тирпарронии курси тайёрии ҷанговари ҷавон дар пойгоҳи таълимии Донишкадаи ҳарбӣ бо расонидани қоидаҳои бахатарӣ ҳангоми тирпарронӣ ва истифода аз аслиҳаи ҷангӣ оғоз гардид. Афсари масъули соҳа ба донишандӯзон мушаххасан доир ба сохт ва хислатҳои тактикиву ҷангии автомат ва пулемёт Калашников, милтиқи мергании Драгунов ва норианҷакандози дастии зиддитанкӣ маълумот дода, ҳамзамон ҳолатҳои истифода ва тарзи тирпарронӣ аз ин навъ силоҳҳои ҷангиро низ нишон дод.

Дар раванди ин машғулиятҳо тарзи ба бар намудани либсҳои низомӣ, дигар таҷҳизоти муҳофизатии шахс ва зарурияту аҳамияти истифодабарии онҳо ба таври кофӣ фаҳмонида шуд, то ки донишандӯзон дар замони таҳсил ва дар оянда зимни хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ бомасъулияту серталош бошанд.

Мавзӯъҳои дарсии чаҳор оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки албатта дар рафти курси кӯтоҳмуддати ҷанговари ҷавон муқаррароти умумии онҳо омӯзонида мешавад, дар синфхонаҳои таълимӣ доир карда шуда, шакли пурраи таълимоти он дар раванди таҳсили курсантон роҳандозӣ карда мешавад. Зеро, оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми самтҳои хизмати ҳарбиро ба танзим дароварда, метавонанд дар фаолияти низомӣ ва рафти хизмати ҳар як афсару сарбоз дастурамали асосии методӣ-таълимӣ бошанд.

Ҳамин тавр, бо омӯзиши сатҳи баланди барномаи таълимӣ дар заминаи шароити хубу мусоиде, ки дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо заҳмату талошҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали ратиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шудааст, курсантони ҷавон бо азму иродаи ватандӯстона қавл доданд, ки бо дониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд.

Боқӣ ШАРИФӢ,

подполковник

Previous Post

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook