Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

ОИЛА НАХУСТМАКТАБИ ТАРБИЯИ ИНСОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
15.05.2024
in Мақола
0
ОИЛА НАХУСТМАКТАБИ ТАРБИЯИ ИНСОН
0
SHARES
6.8k
VIEWS
Share on Facebook

Оила арзиши муқаддасу қадимиест, ки ба эҳёи тамаддунҳо замина гузошта, дар зиндагии инсоният ва пешрафти мадании ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Оила биноест, ки барои тамоми умр бунёд ва ороста мешавад. Зербинои таълиму тарбия дар оила устувор гашта, рушду такомули зеҳнии инсон аз муҳити хонавода ибтидо мегирад ва амсоли ҷамъият ҳамқадами замон рушду ташаккул ёфта, вобаста ба муҳити маънавии ҷомеа шаклу мазмуни нав пайдо мекунад. Дар ҳар давру замон оила барои ояндаи насли наврас хишти аввали бунёди қасри маънавиёт ба ҳисоб меравад.

Дар тарбияи кӯдакону наврасон нақши падару модар ва оила бағоят муҳим мебошад. Ба дунё овардани насл вазифаи табиӣ ва иҷтимоии инсон мебошад ва насли инсонӣ на фақат ба падару модар ё оилаи ӯ марбут аст, балки он ҷузъи ҷомеаи устувор, идомадиҳандаи анъанаҳо, расму оинҳост. Пас, одами солим — оилаи солим, оилаи солим — ҷамъияти солим, ҷамъияти солим давлати солимро пойдевор аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандорӣ аст. Агар оила солим бошад, назару андешаҳо, иқдому амалҳо дар зиндагӣ солим ва дар маҷмӯъ, ҷомеа солим мегардад.

Намунаи олитарини ҳаёти якҷояи инсонҳо, албатта, оила мебошад ва дар ҳаёти инсонӣ нисбат ба дигар институтҳои иҷтимоӣ волотарин ва арзишмандтарин мақомро дорост. Инсон дар оила ташаккул меёбад, хислат пайдо мекунад, маърифат меандӯзад ва ба одоби муошират молик мешавад. Ҳар қадар оила маърифатбунёд, шарафманд ва масъулиятшинос бошад, ҳамон қадар аъзои он фаъолу накӯтар хоҳанд буд, ҳамон қадар ҷомеа бурд хоҳад кард, ҳамон қадар давлату миллат пуртавону соҳибқудрат хоҳанд шуд. Барои устувории оила ҳам мард ва ҳам зан бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯст доштани зану мард низ ба тарбияи аъзои оила таъсири мусбат расонида, боиси хушбахтии онҳо мегардад. Фарзандони оила бояд дар фазои орому солими равонӣ, муҳити созгор ба воя расида, тамоми рукнҳои тарбияро аз оила гиранд. Зеро оила нахустмактаби тарбияи инсон ва шаклгирии тафаккури ӯ мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад.

Дар моддаи 16-и Эъломияи ҳуқуқи башар оварда шудааст: «Оила рукни тарбия ва асосии ҷамъият аст, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархӯрдор бошад». Ин нуқта дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст ва боз илова мешавад, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ натанҳо хушбахтиро ба даст меорад, балки асосан ҳамаи мушкилоту душвориҳои зиндагӣ пас аз оиладорӣ сар мешаванд, зеро ки инсон баъд аз хонадор шудан ба тарбияи насли наврас мепардозад ва ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст. Тарбия кардан ва ба воя расонидани фарзандон вазифаи падару модар дар назди Ватан, дар назди халқ мебошад ва бахту саодати шахс аз ин вобаста аст, ки албатта ҳар як ҷавон барои он кӯшиш мекунад. Ҳамаи ин гуфтаҳо маълум мекунанд, ки барои бахту саодати оила маданияти баланди умумӣ, маданияти эҳсосӣ лозим, ҳамчунин ҳисси олии вазифашиносӣ, барои ҳаёту рӯзгори одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият ҳис кардан аст ва ҷавонон барои никоҳ бояд натанҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати руҳӣ низ тайёр бошанд, чунки ақди никоҳ натанҳо шодмонии муҳаббати занушӯйӣ ва фарзанддорӣ аст, балки он мушкилоти ҳақиқии зиндагӣ, ташвишу тараддудҳои зиёдеро ҳам дорост.

Ҳамасола 15-уми май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, таҷлил карда мешавад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад.

Мафҳуми оилаву хонадорӣ хусусан барои миллати куҳанбунёди мо намунаҳои шоистаи суннатҳои баландро поя гузоштааст. Бузургони илму адаби таърихи миллати фарҳангсолори мо таҳқиқот, пажӯҳиш ва рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёдуе дар мавзӯи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии инсонии ҷомеа ба мерос гузоштаанд, ки маълуму машҳуранд. Хусусан асарҳои ҷовидонаи адибони классики мо гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Аз ҳама асоситарин ва қимматтарин дар ҳаёт оила аст. Аввал оилаест, ки дар он зода шудӣ, дуюм оилаест, ки бунёд мегузорӣ.

Ба ақидаи Ибни Сино, ки муносибати марду занро таҳқиқ карда, дар бораи ишқ низ сухан рондааст, ишқи инсонӣ беҳтарин ва асоситарин ишқи олами моддӣ буда, нисбат ба он эҳтиром варзидани ҳар як инсон комилан шарт ва зарур мебошад.

Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд.

Табиати инсонӣ худ танҳо офарида нашудааст ва инсон, пеш аз ҳама, дар зиндагӣ ниёз ба ҳамрадиф дорад. Оиладор шудан ба инсон оромиш ва таскин мебахшад. Инсон дар натиҷаи издивоҷ вуҷуди солимтару таскинёфтатаре пайдо мекунад. Аз ин рӯ, зиндагиашро беҳтар ба роҳ мемонад, умрашро муфидтар гузаронида, лаззату баҳраи бештар аз ҳаёт дарёфт мекунад. Баробари оила барпо намудан мо вазифаи вазнинеро бар дӯшамон мегирем. Мо уҳдадор мешавем ба хушбахтии оилаи хеш. Аммо имрӯз на ҳама бар ин андешаанд, оилаи худро мустаҳкам нигоҳ дошта наметавонанд. Аслан пойдор мондани оила ин якдигарфаҳмӣ байни зану шавҳар аст. Чи хеле ки қайд кардаанд, “дар ҳаёти оила касоне хушбахт шуда метавонанд, ки “ман”-и худро ба “мо” табдил диҳанд”. Яъне зану шавҳар бояд маслиҳатгар ва дӯсти наздики ҳамдигар бошанд ва камбудии якдигарро хайрхоҳона ба ҳамдигар фаҳмонида, ба ислоҳи он бикӯшанд. Агар дар оила муҳаббат, ҳамфикрӣ, эҳтироми тарафайн ҳукмфармо бошад, худи муҳаббати падару модар, самимият ва ҳамкорӣ дар ҳаёт омили тарбияи фарзандон мешавад.

Мафҳуми оила фаротар аз зиндагии якҷояи марду зан ҳаст, ки дӯст доштану самимӣ будан мебояд. Ба камбудии рӯзгор гоҳе мебояд чашм пӯшид. Бонуи хонадон шавҳарро роҳбари оила ва худро ёвари ӯ донад.

Рисолати аввалиндараҷаи зан модар будан аст ва баъдан вазифаи касбӣ. Оиларо дар асоси муҳаббат бунёд бояд кард, на аз ночорӣ ва ё ба хотири соҳиби боигарӣ шудан.

Шараф ба оилае, ки дар асоси ишқи зану шавҳар бунёд меёбад!

Сано ба оилае, ки асосаш муҳаббати кӯдакон аст!

Рухшона САФАРОВА,

омӯзгор

Previous Post

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ ДАР ВОҲИДИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУС

Next Post

НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛИИ МАМЛАКАТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛИИ МАМЛАКАТ

НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ДАЪВАТ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛИИ МАМЛАКАТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18.01.2026
МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИН ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

16.01.2026
ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

16.01.2026
ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

ТАВЗЕҲОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАДБИРҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ САТҲИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ ВА ЗИЁД НАМУДАНИ МАОШИ АМАЛКУНАНДАИ ВАЗИФАВИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, КОРМАНДОНИ МУАССИСАЮ ТАШКИЛОТҲОИ БУҶЕТӢ, АНДОЗАИ НАФАҚА ВА СТИПЕНДИЯ»

14.01.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook