Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати Мудофияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

ОБ ҲАСТИИ МАВҶУДОТИ ОЛАМ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
28.07.2023
in Хабар
0
ОБ ҲАСТИИ МАВҶУДОТИ ОЛАМ
0
SHARES
28
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Об сарчашмаи зиндагӣ, қувваи пешбарандаи рушди иқтисод ва омили муҳимтарини боло бурдани сатҳу сифати зиндагии мардум маҳсуб меёбад. Сарсабзиву шукуфоӣ ва пойдории олам ба он марбут аст. Об барои инкишоф ва ташаккули организми инсон нақши калидӣ дорад. Олимон исбот намудаанд, ки агар дар бадани одам 8 фоиз об кам гардад, беҳуш мешавад, 10 фоиз норасоии об қалби ӯро аз ҳаракат боз медорад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, рустани ва инсоният хосса зиндагии осоиштаву обод ва озодагию пурбаракати ҳамаи аҳолии сайёра ба об вобаста аст. Об инсонро аз ифлосию нопокӣ, аз ҳар гуна бемориву дардҳо эмин нигоҳ медорад. Имрӯз ниёзи ҷомеаи мутамаддин ба об афзуда, ҳамзамон норасоии он дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон боиси нигаронист. Об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар мамлакат ва сокинони он мебошад. Имрӯз дар сайёраамон беш аз 2 миллиард нафар аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Хушбахтона, дар Тоҷикистони биҳиштосо 1500 кӯл бо масоҳати умумии 1 ҳазор километри мураббаъ мавҷуд буда, бештари онҳо дар қисмати шимолу шарқии кӯҳҳои Помир ва тарафи ғарбии куҳҳои Ҳисор дар баландии зиёда аз 2 км ҷойгиранд. Оби рӯду дарёҳои мо, ки аз пиряхҳои азим сарчашма мегиранд, на фақат манбаи оби поки ошомиданӣ, балки манбаи обёрии миллионҳо гектар заминҳои корам на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки ҳамсоякишварҳо низ мебошад. Ба ин хотир, Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббусҳои олиҳимматона баромад намуданд ва дар доираи ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба таъмини одилонаи мардуми олам бо оби тозаи ошомиданӣ татбирњои муњимеро роњандозӣ намудаанд. Зимни яке аз суханрониҳояшон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид иброз намуданд- «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об, на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишворию манбаъҳои энергия барои ояндаи бо суботи кишвар ва минтақа мебошад». Оре, об дар баробари ҳастии мавҷудоти олам манбаи тавонои тавлиди неруи энергетикист ва кӯҳистони мо дорои ин манбаи фаровон аст. Ҳамаи чархҳои шабакаҳои барқии Бадахшон ва, умуман, Тоҷикистонро мавҷи пуртуғёни оби рӯду дарёҳои кӯҳистон гардон менамоянд ва аз ин хонаҳои мо гарму равшананд. Барқ бошад, манбаи тавлиди коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти коммуникатсионӣ, обшор намудани заминҳои ташналаб, такондиҳандаи рушди тамоми паҳлуҳои рӯзгори мо аст. Мо инро дар мисоли ноҳияи худ ба хубӣ дарк менамоем. Навсозии Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон”, ки бо ҳидояти Роҳбари давлатамон амалӣ гардид, хонаҳои моро гарму равшан намуд, корҳои рӯзгордориамонро осон кард. Чархҳои ин нерӯгоҳро оби дарёи Оқсу гардон мекунад. Ба фикрам, сокинони Мурғоб нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бештар ба қадри об мерасанд, чаро ки бо вуҷуди мавҷудияти кӯлҳои зиёд дар ҳудуди ноҳия, истифодаи обашон чун манбаи нӯшокӣ ба хотири намакин буданашон ғайриимкон аст. Мо умедвори онем, ки дар ояндаи наздик бо пешрафти илму техника оби кӯлҳо даштҳои доманфарохи Мурғобро низ шодоб месозаду мардум аз истифодаи он баҳравар мегардад.

Нусратулло ИСРОИЛОВ

Previous Post

ШУУРИ ВАТАНДӮСТӢ ҶУЗЪИ МУҲИМИ ҲАЁТИ МАЪНАВӢ

Next Post

26 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ДЕСАНТЧИЁНИ ТОҶИК

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
26 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ДЕСАНТЧИЁНИ ТОҶИК

26 ҚАДАМИ УСТУВОРИ ДЕСАНТЧИЁНИ ТОҶИК

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • ЭЪЛОН
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

СУХАНРОНӢ ДАР МУБОҲИСАҲОИ УМУМИИ ИҶЛОСИ 78-УМИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

22.09.2023
ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

ЧОРАБИНИҲОИ ПЕШАЗДАЪВАТӢ ДАР МАҚОМОТИ ПРОКУРОРӢ

22.09.2023
ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

ИШТИРОК ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

СУХАНРОНӢ ДАР САММИТИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ УСТУВОР

20.09.2023
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2014 - All Rights Reserved.ME
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook
  • Mix.tj