Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАҚШУ ХИРАДИ ЗАН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ БАШАР

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
05.09.2023
in Хабар
0
НАҚШУ ХИРАДИ ЗАН ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ БАШАР
0
SHARES
258
VIEWS
Share on Facebook

Мо, ҳамчунин, ба нақши зан— модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

                                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Зан-Модар ҳамчун пайвандгари насли инсонӣ, сарчашмаи ҳаёт, тарбиятгари аҳли башар аз мақому мартабаи хос бархӯрдор буда, дар рушду тараққиёти ҷомеа нақши бориз дорад. Зеро пешрафти давлату ҷомеа, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва пойдории сулҳу субот натиҷаи аз ҷониби зан тарбияи дуруст ёфтани фарзанд, дар роҳи дурусти зиндагӣ мебошад.

Таърих гувоҳ  аст, ки Зан-Модари тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо низ бо шуҷоати ба худ хос ном баровардааст. Дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик корнамоиҳои занонеро мушоҳида менамоем, ки дар баробари мардон барои марзу буми Ватани аҷдодӣ хизмат карданд. Инро мо дар мисоли Гурдофарид, Таҳмина, Рухшона дида метавонем. Дар даврони Истиқлол ба кадом соҳае назар афканем, дар он нақши Зан-Модар дида мешавад. Ҳоло Зан-Модар, Зан-Роҳбар, Зан-Ҳимоятгар, Зан-Омӯзгор, Зан-Мураббӣ мафҳумҳоеянд, ки дар ҳаёти имрӯзаи мо вохӯрдан мумкин аст. Тарбияи нахустини фарзанд, солимии оила, рушди ҷомеа ба рисолати Зан-Модар вобастагӣ дорад.

Башарият дар тамоми солҳои арзи вуҷудаш ба нақшу хиради зан дар рушди тамоми ҷомеа ниёз дошта, ин рушдро бе саҳми бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз зани бохирад фарзанди оқилро ба дунё оварда, онро дар руҳияи  ватандӯстӣ ба камол мерасонад. Имрӯзҳо зиёд гардидани ҷойҳои корӣ барои бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати зан, баланд бардоштани сатҳи саводнокии занон яке аз афзалиятҳои сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон  ба шумор меравад.

Дар даврони  соҳибистиқлолӣ  дар кишвари азизи мо барои занон беҳтарин шароити кор ва фаъолият фароҳам оварда шудааст. Ҷомеаи солим, пеш аз ҳама, аз оилаи солим вобастагӣ дошта, оилаи солим бошад ба маърифату дониши зан алоқаманд аст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.”

Дар радифи тамоми дастовардҳо, ки  истиқлоли давлатӣ барои занон фароҳам сохт, яке аз онҳо имтиёз барои духтарон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти кишварамон, ин ба даст овардани квотаи Президентӣ ба шумор меравад. Иқдоми шоистае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1997 анҷом доданд, таъсиси Квотаи президентӣ маҳсуб меёбад. Аз ин дастгириҳо хатмкунандагони муассисаҳо бо руҳияи созандагӣ ва ифтихор аз тадбирҳои ҳукумати мамлакат сарфароз гардида, ба донишгоҳҳои олии кишвар дохил шуда, онро бо сари баланд хатм карда, дар рушди ҷомеа саҳм мегузоранд.

Маҳз ҳамин дастгириҳои пайваста барои рушди ҳамаҷонибаи занону духтарон нақш дорад. Дар қатори ин дастгириҳо барои духтарони гирандаи квотаи Президентӣ  идрорпулӣ ва дигар дастгириҳои муҳим муҳайё мегардад.

Дар осори тамоми олимони ватанӣ ва хориҷӣ симои модар, зан инъикос гардида, дар он занро ҳамчун устод, қаҳрамон, озодихоҳ, суханвар, шуҷоатманд, рисолатшинос ва тарбиятгар ба қалам доданд.

Тавре Максим Горький мегӯяд; «Тамоми зебоиҳои инсон аз шуои офтоб ва шири Модар аст».

Карл Лагерфелд дар ин маврид чунин фармуда; «Ягона муҳаббате, ки ман бовар дорам-ин муҳаббати модар ба фарзанд аст».

Модарон бо вуҷуди фарзандро ба дунё овардан, ба онҳо тарбияи дуруст ва роҳи рости зиндагиро меомӯзонад.

Имрӯзҳо зани тоҷик бо зебоӣ, шуҷоат, ору номус, иффату нанги ба худ хос дар рушди ҷомеа нақши бориз гузоштаву мегузорад. Зан фариштаест, ки тамоми башарият аз домони ӯ ба дунё омадааст. Имрӯзҳо Зан-Модари тоҷик бо руҳияи созандагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар рушди ҷомеа саҳм гузошта, дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас нақши муҳим мегузоранд.

Моҳира ТАВАРОВА
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Next Post

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

ВАЗОРАТИ МУДОФИА ХОҲИШМАНДОНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕНАМОЯД!

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook