Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДУ НУМӮИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.05.2024
in Хабар
0
НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР РУШДУ НУМӮИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
0
SHARES
242
VIEWS
Share on Facebook

23-юми майи соли 1997 Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии навбатияшон бо ҷавонони лаёқатманди кишвар ин санаро “Рӯзи ҷавонон” эълон намуданд ва шурӯъ аз 23-юми майи ҳамон сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи ҷавонон” таҷлил карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки кишвари азизи мо Тоҷикистон, давлати ҷавону мустақил мебошад ва дар баробари ҷавон будани кишвар беш аз 70 фоизи аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аст, ки таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат нисбат ба ин қишри ояндадор ва созандаву бунёдкори меҳан пайваста эҳсос карда мешавад ва ҷавонон дар рӯҳияи баланди худогоҳиву хештаншиносӣ ба камол мерасанд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки нерӯйи асосии онро низ ҷавонони ғаюру диловар ташкил медиҳанд, дар самти дастгирии ҷавонон пайваста ташаббусҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд.

Ин аст, ки дар арафаи таҷлили сазовор аз “Рӯзи ҷавонон” ва дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Кохи афсарон” Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар рушду нумӯи Қувваҳои Мусаллаҳ” баргузор гардид. Баъд аз садо додани Суруди миллӣ зери навои оркестри ҳарбӣ-нафасӣ муовини вазири мудофиа генерал-майор Музаффар Раҳимзода ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни конфронсро хайрамақдам гуфта ба кори он ҳусни оғоз бахшид. Муовини вазири мудофиа зимни сухани ифтитоҳии худ нақши Кумитаи кор ҷавонон ва варзиш, махсусан ҷавонмардони шуҷои Ватанро дар рушду нумӯи Артиши ҷавони тоҷик баланд арзёбӣ намуда, аз ҳамкориҳои пайвастаи кумитаи мазкур изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар мавзӯи “Нақши Пешвои муаззами миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” маърӯзаи пурмазмунро пешкаши иштирокчиён намуда, аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ва ташаббусҳои охири Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати пешниҳод ва аз ҷониби СММ эълон гардидани “Рӯзи байналмилалии Футбол” ёдоварӣ намуд.

Сиёсатшинос ва шоири тоҷик Абдуллоҳи Роҳнамо дар мавзӯи “Таҳдиди ифрот ва хурофот ба арзишҳо ва давлатдории миллӣ” нутқи пурмӯҳтаво намуда, ҷавонон ва махсусан сарбозону афсарони иштирокдори конфронсро ба дӯст доштани ҳар зарра хоку ҳар қатра оби меҳан ва ҳимоят аз арзишҳои волои кишвар раҳнамун сохт.

Саидэҳсон Солиев-сармуҳаррири идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии “Радиои Тоҷикистон” дар мавзӯи “Нақши ВАО дар ҷалби ҷавонон ба Артиш” ва полковник Абдурашид Ҳотамиён-сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ тарбиявии Вазорати мудофиа дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар рушду нумӯи Қувваҳои Мусаллаҳ” маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.

Сипас, дар ҷараёни кори конференсия, ровии шинохта Абдурашид Хуҷамқул аз ашъори ватандӯстонаи шоирони муосири тоҷик шеърҳои пурмазмун қироат намуда, табъи ҳозирин, махсусан ҷавононро болида сохт.

Дар фарҷоми конференсия ва дар фазои тантанавӣ, зери навои ҳайати оркестри ҳарбӣ-нафасӣ сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, бо билети ҳарбӣ ва сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии аз ҷониби кумита омода гардида, гусел карда шуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати мудофиа ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш як қатор афсарони Вазорати мудофиа ва кормандони кумита бо сипосномаву нишони сарисинагӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Шоҳин ШАРИФОВ 

Previous Post

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН – ҲАДАФИ АСОСИИ ДАВЛАТ

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

05.12.2025
ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook