Худшиносиву арҷгузорӣ ба таърихи хеш яке аз равандҳои муҳимтарин дар ташаккулёбии инсон ҳамчун шахсияти комилу худогоҳ маҳсуб дониста шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ пайваста дар ин масоили пурарзиш ва маънавӣ барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявиро роҳандозӣ менамояд, то ки ҷомеаи мо дорои афроди комил бошад.
Ҳатто, дар шоҳасариакадемик Б.Ғафуров-“Тоҷикон” бахусус, дар саҳифаи аввали он маҳсули андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин дарҷ шудааст:“Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест….” Воқеан, ин хитоб таъкиди таърихӣ дошта, ҳамаи инсониятро ҳушдор месозад, то ки ҳаргиз аз пайроҳаву масири таърихи миллату аҷдоди хеш дурӣ наҷуста, баръакс бохабар бошанд. Зеро инсон ҳамон замон ояндаи худро сохта метавонад, ки худ аз таъриху тамаддуни зоташ бархурдор буда, эҳтироми зарурӣ дошта бошад.
Пешвои муаззами мо пайваста дар суханрониҳояшон роҷеъ ба донистани гузаштаи пурифтихор ва интихоби дурусту саривақтӣ ба мавқеи худогоҳиву хештаншиносӣ, бахусус насли ҷавони қишри ҷомеаро таъкид намуда, ин нерӯйи пешбарандаи ҷомеаи шаҳрвандиро ба таърихомӯзӣ ва таърихдонӣ ҳидоят менамоянд.
Сарнавишти миллати тоҷик гирифтори мусибатҳои гуногун буда, фарогири лаҳзаҳои мухталифи таърихӣ мебошад, ки воқиф будан аз он кори ҳатмии ҳар шахси фидоӣ ва худогоҳ аст.
Саҳми устод С.Айнӣ ва академик Б.Ғафуров дар муаррифии таърихи пурпечутоби миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ва шоҳасари “Тоҷикон” хотирмон аст.
Ҳамчунин Роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар масоили таърих ва масири тайкардаи миллати тоҷик тӯли қарнҳои сипаришуда гуфтаанд: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад.”
Мо, ҳифзкунанда ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодонамон ҳастем ва ободиву сарбаландии миллатамонро хоҳонем, бояд ин нуктаро ҳаргиз фаромӯш насозем ва ифтихорманд аз он бошем, ки миллати фарҳангдӯстдору қадрдони таъриху тамаддуни гузаштагонамон ҳастем.
Ҳанӯз дар даврони қадим, римиён чунин фармудаанд: “Таърих раҳнамову устоди зиндагист, таърих таълимгоҳу арсаи сабақомӯзӣ ва ибрат гирифтан аз корномаҳои ниёгони хеш аст.”
Имрӯз мо, бо итминони комил қайд карда метавонем, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон сарбаландона ифои хизмати ҳарбӣ намуда, ба Савганди ҳарбии ёдкардаашон дар ҳама вазъи хизматӣ садоқати бепоёнро нишон медиҳанд. Муҳити Артиши миллӣ барои дар як вақт бо намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ байни сержантону сарбозон дӯстиву рафоқат пайдо намудан бисёр мусоид буда, дар таҷрибаи ҳаёти ҷомеаи ҳарбӣ ин муносибату мавқеъдорӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ риоя карда мешавад. Яке аз қиматтарин ва муҳимтарин рисолат дар пешбурди хизмати ҳарбӣ, ин муттаҳидӣ ва сарҷамъӣ байни афсарону сарбозон ба ҳисоб рафта, муҳити артиш азму амали дастаҷамъиро тақозо дорад. Баробари ворид шудани наваскарон ва қисми ҳарбӣ сараввал аз ҷониби масъулини мақомоти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ шиносоии онҳо бо объекту иншооти шаҳраки ҳарбӣ ва ҳамзамон пайроҳаи ҷангии он амалӣ мешавад. Аммо, барои наваскарон пас аз як-ду моҳи хизмати ҳарбӣ дар муҳити нав, ки худ намояндаи қисмати ғарбӣ ё шарқии ҷумҳурӣ буда, дар маркази пойтахт, ё баръакс дар минтақаи шимолу ғарбӣ адои хизмати ҳарбӣ мекунанд, танҳо донистани ҳудуди қисми ҳарбӣ ва пайроҳаи ҷангии он басанда набуда, дар бораи атрофи мавқеи ҷойгиршавии қисми ҳарбӣ, амиқтараш шаҳр, ё ноҳия донистан мехоҳанд. Афсарону сарбозон ормону орзуи воқиф шудан аз шаҳру ноҳияҳое, ки он ҷо адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, доранд ва дар ин асно масъулини мақомоти корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар қисмҳои ҳарбиянд, мебояд тавассути осорхонаҳои маҳалливу кишваршиносӣ, мавзеъҳои таърихӣ ва гӯшаву хиёбони он, дараҷаи ҷаҳонбинӣ ва тафаккури таърихии хизматчиёни ҳарбиро рушд диҳанд.
Дар воқеъ, осорхона ин ҳифзкунандаи маданияту фарҳанги гузаштагонамон, ки мустақиман бо Ватанамон ҳамоҳанг аст, мебошад. Набояд фаромӯш созем, ки асоси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ин арзишҳои рӯҳиву ахлоқӣ ва маърифативу фарҳангии ҷамъиятӣ арзёбӣ карда мешаванд.
Нақши осорхона дар ташаккулёбии шахсияти хизматчиёни ҳарбӣ ва умуман, шаҳрвандон дар ҷомеа калон буда, командирон ва сардоронро ҳушдор менамояд, то ки дар фаъолияти хизматӣ ба ин раванд аҳамияти зарурӣ диҳанд, чунки яке аз омилҳои солим нигоҳ доштани муҳит дар коллективи ҳарбӣ, ин рушд додани худогоҳиву хештаншиносӣ дар хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Зеро, миллати тамаддунофари мо ҳамеша азми муттаҳидиву дӯстиро дошта, дар ҳаёту зиндагӣ онро талқин менамуданд ва таърих шаҳодати ин ҳарфҳо аст.
Осорхона ҳамчун мактаби маданияти ҷамъиятӣ фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро марбут ба ҳифзи таъриху тамаддуни гузаштагон ва ҳамчунин интиқоли донишҳои муаррихӣ ташкил ва ҳамоҳанг месозад. Биноан, зарурати донистану арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни аҷдодонамон ва ғайр аз ин, амалигардонии ҷаҳду талошҳои Роҳбари давлатамон вобаста ба ин масоили маънавӣ, фармондеҳии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар қисмҳои ҳарбии ин навъи зудамал чорабиниҳои аҳамияти маънавӣ ва таърихидоштаро тақвият бахшанд.
Имрӯз мо-хизматчиёни ҳарбӣ, аз он ифтихорманд ҳастем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон осорхонаҳо, ки дорои сарвати таърихиву фарҳангӣ буда, арзиши баланди маънавиву таърихӣ доранд, мавҷуданд ва дар хидмати халқ мебошанд. Дар осорхонаҳои ватаниамон нигораҳои дорои арзишҳои калони таъридошта мавҷуд буда, ба меҳвари асосии таърихиву фарҳангӣ ва урфу одати миллиамон табдил ёфтаанд, ки меҳмонони ватаниву хориҷӣ мунтазам аз онҳо баҳра мебардоранд. Илова бар ин, осорхонаҳо бо мақсади беш аз пеш намудани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии сокинони ҷумҳурӣ гӯшаҳову шуъбаҳо роҷеъ ба корнамоиву қаҳрамонии халқамон муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки воқеан мувофиқи мақсад буда, дидан намудан аз он барои ҳар фарди ҷомеа шарт ва муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ташаккулёбии инсон, муассисаҳои фарҳангӣ-маданӣ амсоли осорхонаҳо нақши калон дошта, онҳо дар ҳамаи давру замон муҷассамаи фарҳангиро монда, аз як насл ба насли дигар мегузаранд.
Чанде пеш, дар доираи нақшаи таҳияшуда, хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 02011 “а”, аз осорхонаи ҷамоати деҳоти Ҷайлғани ноҳияи Лахш, ки ин махзани таърихи зиндаи миллат бо иқдоми наҷиби сокини ҳамин диёр, Боронов Ҳамид бунёд шудааст ва бо азму талошҳои ин шахси ватандӯсту худодод тамоми бозёфтҳои ин мавзеъ ҷамъоварӣ гардидаанд, дидан карданд.
Ҳамчунин, хизматчиёни ҳарбии ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии 01123, аз осорхонаи ба номи Иброҳим Исмоилови ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ки Муллоев Мавлодод шахси ҳалолкору ташаббускор ва ҳамчун намояндаи аҳли зиёии маҳаллӣ байни мардум эътироф шудаанд, дар ҳамбастагӣ бо маъмурияти мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №21-и ҳамин ноҳия фаъолияти босамар дорад, ташриф оварда, аз таҷассуми нигораҳо ва осори илмиву ҳунарии гузаштагони ноҳия бардоштҳои маънавӣ намуданд.
Илова бар ин, дидан намудан аз осорхона бо ҳайати шахсии наваскарони қисми ҳарбии 01123 низ ташкил ва доир гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ба номи Қирғизбек Хушқадамов, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзишгари зинаи баланди соҳаи каратэ Алидодов Хушомад ҳузур пазируфта, аз бозёфтҳои таърихӣ дидан карда, баҳра бардоштанд.
Ногуфта намонад, ки осорхонаҳо таърихи зиндаи чандинасраи халқу миллат буда, моро муваззаф медонад, то ки ин осори илмиву ҳунарии аҷдодонамонро ҳифз намоем ва барои сохтани ояндаи некамон ҳамчун воситаи муҳимтарини тарбиявӣ мавриди истифодаи васеъ бо ҳадафи рушди тафаккури таърихӣ қарор диҳем.
Парвиз БОЙЗОДА-
муовини фармондеҳи Қӯшунҳои зудмал
оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, полковник