Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Мақола

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
20.06.2025
in Мақола
0
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН
0
SHARES
31
VIEWS
Share on Facebook

Ваҳдат яке аз рукнҳои муҳими таҳкими субот ва рушди дарозмуддати ҳар кишвар буда, асоси ҳифзи манфиатҳои умумии давлат ва тақвияти эҳсоси ягонагии миллӣ ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки танҳо тавассути эҳтиром ба ваҳдат ва тақвияти ҳамоҳангӣ байни тамоми қишрҳои ҷамъият, кишварҳо метавонанд барои худ муҳити ором ва имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам оваранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, ба даст овардани ваҳдати миллӣ кафили сулҳ ва пешрафти ҷомеа гардида, ба рушди ҳама соҳаҳои муҳими кишвар, бахусус ҳадафҳои стратегии кишвар мусоидат намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар муҳимияти масъалаи роҳу нақлиётро ба хубӣ дарк намуда, чунин зикр намуда буданд: «Мо ба истиқлолияти воқеӣ ба маънои томаш ҳамон вақт муваффақ мегардем, ки агар бо назардошти шароити кишвари худ ва мақоми ҷуғрофии он истиқлолияти озуқаворӣ ва энергетикиро таъмин сохта тавонем». Аммо, амалӣ намудани ин ҳадафҳои Пешвои миллат бе мавҷудияти роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ номумкин буд. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафи асосии хеш, ҳар чи зудтар баровардани мамлакат аз бунбасти комуникатсионӣ корҳои зиёди созандагӣ дар бунёд ва таҷдиди роҳҳо иҷро намудааст, ки аксарияти онҳо пайваста амалӣ гардида истодаанд. Чунин тадбир барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ва иқтисодиёти мамлакатамон мусоидат менамояд. Бешубҳа, барои муттаҳидиву ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, таъмини равуо ва додугирифти дохилиҷумҳуриявӣ зарур аст. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқназарона дарк намуданд, ки заминаи ин ваҳдатро бояд омода кард. Бе васли ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба даст овардани чунин ваҳдат имкон надошт. Ва ӯ ин ҳадафро пайгирона ба миён гузошта, мардуми Тоҷикистонро ба созандагӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу иртиботот даъват намуд.

Дар ин замина, бояд қайд кард, ки дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар Тоҷикистон бо мушкилоти сангини сиёсиву иҷтимоӣ рӯбарӯ гардид. Дар солҳои 1992-1997 кишвар дар иҳотаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифт, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва харобии инфрасохтори муҳими кишвар гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси ҷудоии иҷтимоӣ ва нобоварии байни гурӯҳҳои гуногун гардида, вазъият боиси тақсимшавии кишвар ба минтақаҳои алоҳида ва қатъи иртиботи онҳо шуд. Дар натиҷа роҳҳои нақлиётӣ ва иртиботии кишвар ба ҳолати бӯҳронӣ афтиданд, ки ин боиси душвории зиёд дар муомилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардид.

Дар давоми ҷанги шаҳрвандӣ вазъи роҳу нақлиёт ба шакли хеле нигаронкунанда даромад. Чунон ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Уфуқҳои истиқлол» зикр кардаанд, то соли 1997 ҳамагӣ 42% роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 20% роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш буданду халос, ки аз он 73% дар ҳолати паст, 26% дар ҳолати миёна ва танҳо 1% дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд. Ин вазъияти сангин на танҳо бӯҳрони иқтисодии кишварро мураккабтар намуд, балки робита бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақаҳои дохилии кишварро қариб ғайриимкон сохт.

Бо дарки амиқи зарурати бартарафсозии мушкилоти вазнини ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳо дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд ва ба давлату ҷомеа зарарҳои зиёд расонид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва раҳбарии қавӣ вориди марҳалаи нави таърихии кишвар шуданд. Вай бо дарназардошти таъсири манфии ҷанг ба ҳар ҷиҳати ҳаёти мардум ва ҷонибҳои мухталифи сиёсии кишвар, иқдомҳои муфид барои ҳалли низоъ ва барқарорсозии ваҳдати миллӣ гирифт.

Бо кӯшишҳои пайвастаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва кӯмаки ташкилотҳои байналхалқиву кишварҳои ҳамсоя соли 1997 дар Тоҷикистон Созишномаи муҳими истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади сиёсӣ ва ҳуқуқӣ на танҳо пояи қатъи ҷанг ва қатъи ҳаргуна низоъҳо гардид, балки барои барқарорсозии суботи сиёсӣ, эҳёи иқтисоди кишвар, ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа замина гузошт.

Ин созишнома ҳамчун асоси қонунӣ ва сиёсӣ барои барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳ дар Тоҷикистон амал кард ва кӯмаки ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯстро барои эҳёи иқтисод ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум фароҳам овард. Ин муваффақият имкон дод, ки Тоҷикистон ба роҳи рушди устувор ва таҳкими суботи сиёсӣ ворид шавад ва дар оянда барои таҳкими пояҳои демократия ва ҳамгироии иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузорад.

Созишномаи сулҳ ба кишвар имконият дод, ки аз вазъи бӯҳронии ҷангӣ ба сӯи рушди иқтисодӣ ва барқарорсозии инфрасохтор қадам гузорад. Ҳукумати Тоҷикистон барқарорсозии роҳҳо ва нақби муҳимро ҳамчун ҳадафи аввалиндараҷа қарор дода, бо дастгирии сармоягузорони хориҷӣ ва кӯшишҳои Пешвои миллат, роҳҳо ва инфрасохтор барқарор ва навсозӣ карда шуданд, ки ин раванд ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди савдо ва тиҷорат, ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат намуд.

Дар Тоҷикистони тоза ба истиқлол расида вазъи соҳаи нақлиёт, ба хусус роҳҳои мошингард дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ хисороти зиёд дид. Ҳолати мавҷудаи соҳа дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ умуман ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд. Бо дарки ин масъала ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро лозим омад, ки ҷиҳати раҳоёбӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фараҳнгию сиёсӣ пеш аз ҳама ба азнавсозӣ ва рушди роҳҳои мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, бунёди пулу нақбҳо, ки робитаи доимии тамоми ноҳияҳои мамлакат ва пайваст шудан бо дигар кишварҳоро таъмин созанд, аҳамияти аввалиндараҷа бидиҳад. Чунки яке аз ҳадафҳои асосию стратегии ҳукумат ин эҳёи равобити нақлиётӣ-иқтисодӣ бо кишварҳои дуру наздик буд. Аз ин рӯ, барои афзоиши ҳамлу нақли бору мусофирон ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам ба хориҷи кишвар шароиту имкониятҳои созгор муҳайё намудан лозим буд.

Ба душвориҳои вазъи иқтисодию молиявии кишвар нигоҳ накарда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, ки дар баробари маблағҳои буҷетӣ, инчунин бо ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мушкилоти соҳаи роҳу нақлиётро бартараф намоянд. Аз ин рӯ, роҳбари давлати тоҷикон бо азми устувору ҳадафмандона сармоягузорони хориҷиро барои ҳамкориҳо даъват намуда, зимни дидору суҳбатҳо бо роҳбарони давлатҳо ва ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, алалхусус, масъалаҳои роҳу коммуникатсияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ӯ ҷиҳати эҳёи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим саъю кӯшишҳои пайваста роҳандозӣ намуда, барҳақ гуфтааст: “Таърихан минтақаи мо ва хусусан Тоҷикистон дар чаҳорсӯи роҳҳои тиҷоратӣ воқеъ буд, ки Шарқу Ғарбро ба ҳамдигар мепайваст. Сарвари давлат ҳамчунин қайд мекунад, ки: “Барқарор сохтани Шоҳроҳи Бузурги Абрешим на талаботи ин ё он анъана ё мӯд, балки зарурати ҳаётии аз ҷиҳати илмӣ ва тиҷоратӣ асоснокшуда мебошад”.

Ин буд, ки ҳукумати кишвар омодагиро барои бунёду қитъаҳои нави роҳҳои махсусан муҳим аз қабили роҳи мошингарди Мурғоб – Кулма, Шкев – Зиғар ва Шоҳон – Зиғар ҳанӯз аз аввали солҳои 90-уми қарни гузашта оғоз намуда, зери назорати ҳамешагии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуд. Пеш аз ҳама, корҳои сохтмону навсозӣ дар қитъаи 5,5 километраи байни деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз ва Шоҳони ноҳияи Шӯрообод шуруъ карда шуд. Қайд кардан зарур аст, ки интихоби қитъаи мазкур тасодуфӣ набуда, дар ин ҷо мавзеи хавфноки Девдара қарор дошт. Дар гузаштаҳо даҳҳо нафар мусофирон ҳангоми гузаштан аз пайроҳаи миёни Дарвозу Кӯлоб ҷони худро аз даст додаанд.

Дар вақти гузаштан аз самти минтақаи Кӯлоб ба Дарвоз, аз тарафи чап поракӯҳи баланди тахминан 350-метра ҷойгир буда, аз ҷониби дасти рост дарёи пуртуғёни Панҷ мегузарад. Роҳи танги байни Кӯлоб ва Дарвозро, ки аз як дараи борику чуқур мегузашт, мусофирон аз хавфнокӣ ва натиҷаҳои фоҷиабордошта онро “Девдара” ном мебурданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 5 июли соли 1998 зимни сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боздиди навбатӣ аз қитъаҳои сохтмони ин роҳ, ин нуқтаро баён намуданд: “Девдараро мо ба Гулдара табдил хоҳем дод, то ки он дигар ҷойи тарсу ҳарос набошад, балки тамошоҷойи дилнишини сайёҳону дӯстдорони табиат гардад”.

30-январи соли 1999 бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани шоҳроҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб баргузор гардид.

Хулоса, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хотима гузошта, заминаи муҳими рушди иқтисодӣ, барқарории инфрасохтор ва пайванди устувори минтақаҳои кишвар гардид.

 

Наҳтулло АЙНУЛОЗОДА,

муовини аввал, муовини ректор оид ба

таълими ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,

номзади илмҳои таърих, дотсент

Previous Post

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

Next Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook