Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАҚШИ АҲОЛӢ ДАР МУБОРИЗАИ МУШТАРАКИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
22.04.2024
in Хабар
0
НАҚШИ АҲОЛӢ ДАР МУБОРИЗАИ МУШТАРАКИ ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ
0
SHARES
101
VIEWS
Share on Facebook

Дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки худ пур аз таззоду мушкилиҳо ва ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши терроризму экстремизм, фаъолшавии ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба гумроҳӣ бурдани одамон воқеан ҷойи нигаронист.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавону соҳибистиқлол, ки дар марҳилаи нави рушд қарор дорад ва баъд аз пушти сар намудани мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ акнун қадамҳои устувор ба сӯйи корҳои созандагӣ мегузорад, боз ҳам ба тақвият бахшидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар, инчунин пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои хусусияти террористиву экстремистидошта зарурат дорад.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат мебошад, ки онро дар асоси қонунҳои дар ин самт қабулшуда ва тавассути мақомоти дахлдор анҷом медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои ҷаҳонӣ, ҳатто аз минбари олии СММ баромад карда, таъкид намуданд, ки террорист дину мазҳаб ва Ватану миллат надорад. Ин зуҳуроти номатлуб проблемаи тамоми ҷаҳон аст ва бар зидди он ҳама бояд мубориза баранд.

Дар ҳақиқат ҳам чунин аст. Террорист дину мазҳаб, Ватану миллат ва сарҳаду давлат надорад. Ба таври махсус таъкид бояд дошт, ки нисбат додани терроризму экстремизм ба дини Ислом ё ба ҳар навъе алоқаманд донистани ин омилҳои номатлубу нанговар ба дину мазҳаб хатои бузург аст. Терроризму экстремизм ҷузъе аз сиёсати абарқудратҳост, ки барои амалисозии ҳадафҳои худ ва ҳамчун тиҷорати бузург дар кишварҳои аз ҷиҳати табиӣ сарватманд анҷом медиҳанд.

Масалан, агар фаъолияти асосии чандинсолаи ҳаракат ва гурӯҳҳои террористии «Ал-Қоида», «Бокко-Ҳаррам», «Толибон», «Давлати Исломӣ» ё дигар шабакаҳои террористию экстремистиро таҳлил намоем, дар кору фаъолияти онҳо чизи дигаре, ба ғайр аз қатлу куштор, таркиш, вайронкорӣ, харобкорӣ, ғоратгарӣ ва ба сари мардуми бечора бадбахтӣ овардан, дида намешавад.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андешидани тадбирҳои зарурӣ заминаҳои ҳуқуқиву амалиро барои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ҳамаҷониба фароҳам овардааст. Бахусус, қабул ва мавриди амал қарор додани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” собитгари гуфтаҳои болоянд. Ғайр аз ин, дар кишвар бо мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо омилҳои мазкур якчанд Стратегия, Консепсия ва барномаҳои дахлдори давлатӣ қабул ва амалӣ гардидаанд.

Бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи давлат, дар самти пешгирии терроризм ва экстремизм нақши аҳолӣ низ бениҳоят калон аст ва ҳатто метавон гуфт, ки бе ҳамбастагиву ҳамкории доимӣ бо мардум пешгирии ин омилҳо ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он корро душвор месозанд.

Боиси тазаккур аст, ки бартарият додан ба чораҳои пешгирикунандаи фаъолияти экстремистию террористӣ, ба таври мунтазам, маҷмӯӣ ва мувозинавӣ ба роҳ мондани тадбирҳои сиёсӣ, иттилоотию ташвиқотӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва чораҳои дигари муқовимат ба терроризму экстремизм, ҳамкории давлат бо шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоту иттиҳодияҳои дигар дар ин самт, андешидани чораҳои пешгирикунанда, ки барои огоҳонии паҳншавии мафкураи экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ, аз ҷумла ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда равона гардидааст, ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолӣ нисбат ба терроризму экстремизм, ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти шабакаҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, бартараф кардани сабабу шароитҳои пайдоиши терроризму экстремизм аз принсипҳо, мақсадҳо ва самтҳои асосие мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастаҷамъона фаъолият бурдан бар зидди омилҳои мазкур, таъмини амнияти миллӣ ва зиндагии осудаи мардум пешбинӣ намудааст.

Албатта, Тоҷикистон имрӯз иқтидори комили мубориза бо ин омилҳо ва ҳаракатҳои ифротиро дорад, аммо бо мақсади аз байн бурдани хавфу хатарҳои эҳтимолии актҳои террористӣ, мағзшӯйӣ нагардидани қишри осебпазири ҷомеа, махсусан занону ҷавонон ва ашхоси ниёзманд, таъмини пурраи амнияту суботи кишвар ва ҳифзи тартибот, ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти марбута бо аҳолӣ калидӣ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди пуриқтидор будани давлат дар қаламрави кишвар сар задани ҳатто оддитарин амали хусусияти иртиҷоидошта ба мавқеъ, эътибор ва обрӯйи давлат зарба зада, тарсу ҳаросро дар миёни мардум пароканда месозад, ки ин омил паёмадҳои нохуби дигари иқтисодиву иҷтимоиро низ дар пай дошта метавонад. Аз ин лиҳоз, талош бояд намуд, ки амнияту тартибот дар сартосари кишвар ба таври шабонарӯзӣ таъмин бошад ва дар ягон гӯшаву канори кишвар амали ба терроризму экстремизм шабоҳатдошта умуман сар назанад, агарчӣ бидуни талафоти ҷониву молӣ ҳам бошад.

Албатта дар шароите, ки хавфу хатарҳои дохиливу берунӣ зиёданд, ба таври комил нигоҳ доштани вазъият ва оромии сартосарӣ ниҳоят душвор аст, вале ин кор имконпазир аст, агар дар ин самт аҳолӣ низ саҳми худро бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ гузоранд ва нисбати ояндаи Ватани хеш бетараф набошанд.

Инро ҳам бояд гуфт, ки дар самти пешгирии омилҳои ифротгароёна ва оқибатҳои бади он миллат дар сурате пирӯз шуда метавонад, ки агар аксарияти аҳолии кишвар маърифати баланди сиёсӣ ва ҳуқуқиву фарҳангӣ дошта, пеш аз ҳама, дар риояи меъёрҳои қонун ва нишон додани амалҳои шоистаи инсонӣ ҳар яке намуна бошанд.

Дар ин раванд, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми қонун, байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳамагуна ҳуқуқвайронкунӣ, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” қабул гардид.

Дар ҳақиқат, сатҳи баланди маърифатнокии аҳолӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон пеш аз ҳама, аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, солим нигоҳ доштани мафкураи аҳолӣ ва аз байн бурдани хавфу хатарҳои терроризму экстремизм мусоидат менамояд.

Яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ намудани гаравидани аҳолӣ, бахусус, ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин паст кардани омилҳои хусусияти террористиву экстремистидошта анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ ба ҳисоб меравад. Тақвияти ҳамкориҳо бо мардум дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм аз роҳҳои осон ва самараноке мебошад, ки метавонад дар ҳақиқат натиҷаҳои дилхоҳ барои давлату миллат ва ҷомеа ба бор оварад.

Бо дарназардошти паҳлӯҳои гуногуни масъала, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нақши аҳолӣ аз ҳар ҷиҳат дар самти пешгирии терроризму экстремизм ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори он, махсусан оид ба ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва шахсони ҷиноятпеша, пешгирии ҳодисаҳои нохӯши террористӣ, аз роҳи бад баргардонидани ҷавонон, муҳофизати Ватан ва арзишҳои миллӣ, таъмини оромиву осудагии диёр ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят муҳим, зарурӣ, калидӣ ва ҳатто ҳалкунанда мебошад. Чунки дар ҳамбастагӣ бо мардум кор зудтар пеш меравад ва натиҷаҳои назаррас дорад. Аз ин лиҳоз, ба ин масъала диққати махсус зоҳир намудан барои ҷомеа ва давлату миллати тоҷик аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

А. ҲОМИДОВ,

 Прокурор-криминалисти

шуъбаи  тафтишотии  Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе,

полковники адлия

 

Previous Post

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОМИЛИ ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

Next Post

НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ҚАЛАМРАВИ МАМЛАКАТ 62 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ҚАЛАМРАВИ МАМЛАКАТ 62 ФОИЗ ИҶРО  ГАРДИД

НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ҚАЛАМРАВИ МАМЛАКАТ 62 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

НИШАСТИ МАТБУОТӢ АЗ НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

08.07.2025
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ВА ХАВФНОКИИ ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

07.07.2025
БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СИЁСӢ ОИД БА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ДАР РАЁСАТИ ҚУВВАҲОИ ҲАРБӢ-ҲАВОӢ ВА МУДОФИАИ ЗИДДИҲАВОИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИИКИСТОН

04.07.2025
ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

ИШТИРОК ДАР ҲАМОИШИ 17-УМИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ (ЭКО)

04.07.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook