Артиши миллӣ барои ҳар давлати соҳибистиқлол пояи устувори давлатдорӣ ва рамзи қудрати кишвар ба шумор меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат дар таҳкими амният, субот ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нақши калидӣ доранд. Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки таҳдидҳои нав ба амнияти кишварҳо зуҳур мекунанд, Артиши миллӣ кафили оромии ҷомеа ва муҳофизи арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айёми душвори ташаккули давлатдорӣ таъсис ёфта, роҳи пуршарафу масъулияти бузургро паси сар намудаанд. Бо дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлат, ин ниҳоди қудратӣ тадриҷан такмил ёфта, имрӯз ба як сохтори тавоною дорои омодабошии сатҳи баланди ҷангӣ табдил гардидааст. Таҷдиди зерсохторҳо, беҳтар гардидани шароити хизмат, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва боло бурдани сатҳи донишу иқтидори мудофиавӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки мақоми Артиши миллиро дар низоми амнияти кишвар боз ҳам устувортар гардонидаанд.
Артиши миллӣ дар баробари иҷрои вазифаи асосии худ–ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат, инчунин ба мактаби воқеии тарбияи ватандӯстӣ барои ҷавонон табдил ёфтааст. Ҷавоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад, дар муҳити интизом, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия меёбад. Хизмат дар сафи Артиш эҳсоси ифтихор аз давлатдории миллӣ ва омодагиро барои дифоъ аз ҳар ваҷаб хоки Ватан тақвият мебахшад.
Масъалаи тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бояд дар қалби ҳар як ҷавон ҳамчун омили асосии ҳифзи давлату миллат ҷойгир бошад». Эшон борҳо зикр кардаанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва садоқат аст. Ба таъкиди Сарвари давлат, «Ҷавонони мо бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвар ҳамеша омода бошанд».
Албатта, ҳамаи ин гувоҳии он аст, ки Артиши миллӣ на танҳо неруи муҳофиз, балки неруи тарбиятгар низ мебошад. Машғулиятҳои сиёсиву маърифатӣ, омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтиром ба Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ дар рӯҳияи сарбозон ҳисси баланди ифтихор ва садоқатро тақвият медиҳанд. Сарбозон дар сафи Артиш бо тамоми шароиту имконоти лозима таъмин буда, қарзи ҷавонмардии худро софдилона, бечунучаро иҷро менамоянд.
Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланди касбӣ ва сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, интизом ва садоқати бепоён ба Савганди ҳарбӣ фаъолият менамояд. Шабу рӯз фарзандони содиқи миллат оромиву амнияти давлатро таъмин намуда, бо заҳмати фидокоронаи онҳо фазои орому осудаи кишвар барои рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар баробари ҳамаи инҳо, ки бевосита бо заҳматҳои шабонарӯзии абармарди таърихии сулҳофар ва муассиси Артиши миллии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, ҳамаи мо, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро зарур аст, ки баҳри боз беҳтару хубтар гардонидани раванди фаъолияти хизматии худ, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ дар ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат камари ҳиммат бандем.
Бигзор неру, матонат ва иродаи устувори хизматчиёни шарафманди ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша поянда бошад ва осмони Тоҷикистони азиз зери ҳимояи фарзандони фарзонаву шуҷояш беғубор бимонад.
Маҳмадулло ЗОИРЗОДА,
Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе,
полковник





