Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАҚШАИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ АРТИШ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
23.05.2024
in Хабар
0
НАҚШАИ ДАЪВАТИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ АРТИШ 100 ФОИЗ ИҶРО ГАРДИД
0
SHARES
1.8k
VIEWS
Share on Facebook

Рӯзи 22-юми майи соли 2024 нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз муҳлат ба анҷом расид.

Бо ҳамин тартиб аз 1-уми апрел то 22-юми майи соли 2024 нахуст вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, баъдан чаҳор навоҳии шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд оид ба иҷрои 100 фоизаи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон гузориш доданд.

Ин нуқта қобили таваҷҷуҳ аст, ки агарчӣ нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гардида бошад ҳам, лек бо мақсади баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти мақомоти масъули вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ комиссияҳои даъватӣ то охири моҳи майи соли равон идома меёбад.

Дар ин радиф, тибқи оморҳои мавҷуда, вобаста ба зиёд будани шумораи шаҳрвандони ихтиёрӣ, ба хусус муроҷиати ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, ки хоҳиши шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро доранд, даъвати имсолаи баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хуб арзёбӣ карда мешавад.

Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зичро ташкилу ба роҳ мондаанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеаву мушкилот ба назар намерасад.

Дар робита ба ин, тавре қаблан хабар дода будем, рӯзи якуми апрели соли равон, алакай тамоми шаҳру навоҳии вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикободи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар вилояти Хатлон бошад ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод ва ноҳияи Носири Хусрав дар рӯзи нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи пешбинишударо оид ба даъвату гусели ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ пурра ба анҷом расониданд.

Барои маълумот хотиррасон мекунем, ки даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи ҷузъу томи Артиши миллии мамлакат тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5-уми марти соли 2024, таҳти №791 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат давоми моҳҳои апрел ва майи соли равон ҷараён гирифт.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Next Post

МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ ДАР САМТИ СӮХТОРНИШОНӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ ДАР САМТИ СӮХТОРНИШОНӢ

МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ ДАР САМТИ СӮХТОРНИШОНӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

ИШТИРОК ДАР ЗИЁФАТИ КОРӢ ДАР ЧАҲОРЧӮБИ ҲАМОИШИ ДУЮМ ДАР ҚОЛАБИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ-ИМА” (С5+1)

07.11.2025
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО ДОНАЛД ТРАМП

07.11.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

06.11.2025
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ИЁЛОТИ МУТТАҲИДАИ АМРИКО

06.11.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook