Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ПУРРА ИҶРО ГАРДИД.

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
29.11.2025
in Хабар
0
НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ПУРРА ИҶРО ГАРДИД.
0
SHARES
539
VIEWS
Share on Facebook

Дар муҳлати муайянгардидаи ҷараёни даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, ҳама комиссияҳои давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми ин чорабинии муҳими сиёсӣ ё худ иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон  ба хизмати ҳарбӣ гузориш доданд ва нақшаи даъвати тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд.

Бояд тазаккур дод, ки, аз якуми октябри соли равон бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд.

Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, чаҳор навоҳии пойтахт низ яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар ин самт масъулини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ иҷрои нақшаи даъватро пеш аз муҳлат амалӣ намуданд.

Ҳамзамон, масъулини вобастагардидаи даъват дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ саривақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар доираи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамкориро бо мардум зич ташкилу ба роҳ мондаанд, дар чунин минтақаҳо сатҳу сифати чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ хуб ба назар мерасад. Аз ин рӯ, маҳз фаъолияти назарраси бисёре аз комиссияҳои даъватӣ дар ташкили корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ имкон медиҳад, ки сол ба сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ зиёд гардида, иҷрои нақша саривақт ва дар сатҳи баланд таъмин гардад.

Боиси хушнудиву сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгириву ғамхориҳои пайваста зоҳир гардида, заминаҳои хуби моддиву таълимӣ, таъмини шароити ҳамаҷонибаи хизмативу майишӣ ва масоили беҳдошти вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун ба маротиб беҳтар шудааст. Месазад, ки ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯсти диёр, бо дарки масъулияти ҷавонмардӣ дар муҳити орому осоишта ва фазои сулҳу суботи Тоҷикистони азиз, хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намояд.

Илҳом АЛИЗОДА,

сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи 

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Previous Post

ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИШАСТИ МУШТАРАКИ ШУРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ, ШУРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИА ВА КУМИТАИ КОТИБОНИ ШУРОИ АМНИЯТИ СААД

Next Post

МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ТАРТИБОТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ТАРТИБОТ

МАШВАРАТИ КОРӢ БО РОҲБАРОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ТАРТИБОТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ

05.12.2025
ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРОТИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

04.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook