Рӯзи 30-юми апрели соли 2025 нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз мӯҳлат ба анҷом расид.
Дар давоми 30 рӯз, пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро гирдидани нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ин натиҷаи фаъолияти хубу назарраси масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, саҳми бахшу шуъбаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ арзёбӣ мешавад.
Зеро, маҳз натиҷаи ҳамкории доимии онҳо бо мардум, гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ, ташкили як қатор чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳшӯроҳо ва баланд гардидани масъулияти ҷавонписарону волидони онҳо боис гардид, ки теъдоди шаҳрвандони ихтиёрӣ, аз ҷумла ҷавонписарони дорои маълумоти олӣ, фарзандони шахсони мансабдор ва хатмкардагони Муассисаи давлатии “Мададгори мудофиа”, ки мутахассисони касбу соҳаҳои гуногунро барои Артиши миллӣ омода менамояд, хеле зиёд ба назар мерасид. Илова бар ин, шаҳрвандони кишвар имрӯз дастгириву ғамхориҳои доимии давлату ҳукумати мамлакатро нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, хизматчиёни ҳарбӣ ва фароҳам овардани беҳтарин шароитҳои хизмативу майишӣ дар қисмҳои низомӣ, бо қаноатмандӣ дарк намуда, барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан, саривақ ба комиссияҳои давлатии даъват ҳозир мешаванд.
Барои маълумот хотирасон мекунем, ки даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 1-ум то 30-юми апрели соли равон дар ҷумҳурӣ идома ёфт.
Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,
сардори Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковник