Аз оғози даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-рӯз сипарӣ гардида, дар ин муддат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Вилояти Хатлон низ яке аз пешсафони ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Айни замон нақшаи даъват дар вилоят 96,2 фисадро ташкил намуда, сафарбарӣ ба қисмҳои низомӣ идома дорад.
Иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 57,5 фоиз баробар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 68,3 фоиз иҷро шуд.
То имрӯз нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008-и кишвар ба сафи Артиши миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 80,1 фоизро ташкил медиҳад.
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





