Шурӯъ аз 1-октябри соли равон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ бо маром ҷараён дорад. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
То ин давра шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ фаъолияти назаррас нишон дода, нақшаи пешбинигардидро дар самти даъват сад фоиз иҷро намуданд. Бо гузашти чил рӯз нақшаи даъват дар вилояти Суғд 89 фоизро ташкил медиҳад, ки то ин дам шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон, Гулистон ва Спитамен нақшаи гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намуданд.
Масъулини вобастагардида дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар муддати чил рӯз нақшаи пешбинигардидаро наздики 95 фоиз иҷро кардаанд. Аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун Файзобод, Турсунзода ва Ҳисор аввалин шуда, иҷрои нақшаро ба пуррагӣ таъмин намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми чил рӯзи ҷараёни даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ наздики 96 фоиз иҷро гардид.
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





