Дар муддати 20 рӯзи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Айни замон нақшаи даъват дар вилояти Бадахшон 100, шаҳри Душанбе 100 ва вилояти Хатлон 100 фисадро ташкил намуда, сафарбарӣ ба қисмҳои низомӣ идома дорад.
Иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 78,5 фоиз баробар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 76,7 фоиз иҷро шуд.
То санаи 20 – уми апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008-и кишвар ба сафи Артиши миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 89,1 фоизро ташкил медиҳад.





