Аз даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як моҳ сипарӣ гардид. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар нахустрӯзҳои даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт нақшаи пешбинигардидаро пурра иҷро намуданд.
Айни замон, иҷрои нақшаи даъват дар ҳудуди вилояти Суғд ба 87,4 фоиз баробар аст ва 11 шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъватро иҷро намуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ 85,7 фоизро ташкил медиҳад
То санаи 30-юми апрели соли равон нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008-и кишвар ба сафи Артиши миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 93,5 фоизро ташкил медиҳад.
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон




