Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 — 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, аз он як моҳ сипарӣ гардид.
Зимни оғози ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз аввалинҳо шуда, нақшаи муқарраргардидаро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пеш аз муҳлат ба анҷом расонид.
Дар ин радиф шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон низ пешсаф буда, дар моҳи октябри соли равон нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбиро ба пуррагӣ ва пеш аз муҳлат иҷро намудаанд.
Вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ нақшаи пешбинигардидаро наздики 92 фоиз иҷро намуда, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Истиқлол, Айнӣ, Ашт, Зафаробод ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз натиҷаи пурраи нақшаи даъват ҳисобот додаанд.
Илова бар ин, иҷрои нақшаи пешбинишудаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 99, 6 фоиз баробар мебошад.
Дар умум иҷрои нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ зиёда аз 97 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамарӯза ҷавонони бо нангу номуси синни даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гардида, омодаанд, ки вазифаи консититусионии хешро дар назди халқу Ватан бо масъулияти баланд иҷро намоянд.





