Аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ як моҳ сипарӣ гардид. Тавре қаблан хабар дода будем, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
Дар давраи сипаригардида шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Ҳамзамон, дар муддати як моҳ нақшаи даъват дар вилояти Суғд 82 фоизро ташкил дода, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон нақшаи гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро намуданд.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар муддати як моҳи чорабиниҳои даъватӣ фаъолияти назаррас нишон дода, нақшаи пешбинигардидаро наздики 90 фоиз иҷро кардаанд. Аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун ва Файзобод аввалин шуда, иҷрои нақшаро ба пуррагӣ таъмин намуданд.
Ҳамин тавр, дар давоми як моҳи ҷараёни даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 92 фоиз иҷро гардид.
Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон





