Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪДА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
08.07.2026
in Хабар
0
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ МИНБАЪДА
0
SHARES
46
VIEWS
Share on Facebook

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазорат маҷлиси ҳайати мушовара доир гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ муайян карда шуданд.

Дар ҷаласа котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзода, роҳбарияти Вазорати мудофиа, сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои дахлдор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва хадамотҳои алоҳидаи дастгоҳи марказии вазорат, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати роҳбариву фармондеҳии навъҳои қӯшун, командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъу томҳои алоҳидаи низомӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои таҳкиму тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар, ҳифзи амнияту суботи давлат ва татбиқи сиёсати мудофиавии ҷумҳурӣ, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва муовинони вазири мудофиа вобаста ба самтҳои фаъолияти худ маърӯза карданд.

Иштирокчиён ба ҳолати омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, такмили дониш ва омодагии ҳайати шахсӣ, баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ, санҷиши омодабошии захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, ташкили босифати маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тайёр намудани мутахассисони хурди низомӣ ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Ҳамчунин, вазъи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, ташкили корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи техникаҳои ҳарбӣ, таъминоти ақибгоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди қисмҳои ҳарбӣ ва омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 баррасӣ гардид.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ, бо ишора ба вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зарурати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олӣ ва омодагии доимии хизматчиёни ҳарбиро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ таъкид намуд. Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати омодагии шоиста ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ дар суханронии худ аз дастгириву ғамхории доимии Пешвои миллат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ёдовар шуда, ба масъалаҳои беҳдошти шароити хизмат, авзои ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва зарурати омодагии ҳамаҷониба барои ҳифзи суботу оромии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Дар анҷоми маҷлис як қатор афсарони қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва сохторҳои зертобеи он барои хизмати софдилона, дастовардҳои назаррас ва ғолибият дар мусобиқаҳои умумиҳарбӣ бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Илҳом АЛИЗОДА,

сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

капитан

Previous Post

ИФТИТОҲИ ХАТТИ НАВИ ОБИ ПОЛЕЗӢ БО ДАРОЗИИ 12 КИЛОМЕТР ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Next Post

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ СИҲИЛИ УНҶӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ СИҲИЛИ УНҶӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ СОЛИМГАРДОНИИ СИҲИЛИ УНҶӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.07.2026
ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

ҶАМЪОМАДИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ БО ҲАЙАТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

10.07.2026
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ СЕ ШИРКАТИ МЕТАЛЛУРГИИ ЧИН

09.07.2026
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ САНОАТИ КИШВАР

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ САНОАТИ КИШВАР

09.07.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook