Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
14.04.2025
in Хабар
0
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
300
VIEWS
Share on Facebook

Рӯзи 12-уми апрели соли 2025 бо иштироки ҳайатҳои роҳбарии Вазорати мудофиаи мамлакат, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва командирони қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он вазъи кунунии ҷузъу томи Артиши миллӣ, тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти соҳавии ин ниҳоди қудратӣ, мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар ҷаласа нахуст бурду бохт ва фаъолияти ҳамаҷонибаи Вазорати мудофиаи мамлакат, мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд. Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва роҳбарони чанде аз раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ доир ба тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангии Артиши миллӣ, чорабиниҳои сафарбарӣ, ҳолати таъмини бехатарии хизмати ҳарбӣ, фаъолияти хадамоти қӯшунҳо, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, ҳолати иҷрои саривақтии талаботи ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, пуррагардонии вазифаҳои холии афсариву прапоршикӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон ва оид ба дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ маърӯза карданд.

Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои ба миён гузошташуда вазири мудофиаи мамлакат зимни вазифагузорӣ қайд намуд, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусалаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ҳама масъалаҳои амниятӣ ва баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, фаъолият ва бурду бохти сохторҳои низомии мамлакатро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд. Аз ин рӯ, таъкид карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбии ҳама зинаҳо ва мартабаҳо, пеш аз ҳама баҳри иҷрои талаботи дастуру супоришҳо ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ва дар ҷашни Артиши миллӣ дар назди мо гузоштаанд, диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар охири ҷаласа роҳбарияти Вазорати мудофиа, ҳамчунин баҳри ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ташкили хизмати дохилии қӯшунҳо, дар муҳлати муайян ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, таҳким бахшидани сатҳи омодабошии ҷангӣ, боз ҳам пурзӯр намудани корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ташкили машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини хоҷагиҳои ёрирасон ва вобаста ба дигар самтҳои фаъолияти соҳавӣ масъулини дахлдори ин ниҳоди қудратиро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

ҶАМЪБАСТИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ АМАЛИЁТӢ-СТРАТЕГӢ ДАР “ҲАРБМАЙДОН”-И ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН

Next Post

ИФТИТОҲИ БИНОИ “МАДАДГОРИ МУДОФИА” ДАР ЛЕВАКАНТ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ИФТИТОҲИ БИНОИ “МАДАДГОРИ МУДОФИА” ДАР ЛЕВАКАНТ

ИФТИТОҲИ БИНОИ “МАДАДГОРИ МУДОФИА” ДАР ЛЕВАКАНТ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

МУСОБИҚАИ БИСЁРҲАРБА  БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

МУСОБИҚАИ БИСЁРҲАРБА БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

15.02.2026
МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА»

МУСОБИҚАИ ТИРПАРРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИА»

15.02.2026
ҲАНГОМИ ТАРИҚИ БАРНОМАҲОИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ» СОХТАНИ АКСҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СОҲАИ НИЗОМӢ, РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ОИННОМАҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҲАТМИСТ!

ҲАНГОМИ ТАРИҚИ БАРНОМАҲОИ «ЗЕҲНИ СУНЪӢ» СОХТАНИ АКСҲОИ ТАБЛИҒОТИИ СОҲАИ НИЗОМӢ, РИОЯИ ТАЛАБОТҲОИ ОИННОМАҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ҲАТМИСТ!

15.02.2026
23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 ФЕВРАЛ – РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14.02.2026
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook