Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
13.07.2023
in Хабар
0
0
SHARES
226
VIEWS
Share on Facebook

Дар ҷаласае, ки оид ба натиҷаҳои фаъолият ва бурду бохти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи аввали соли 2023-юм баргузор гардид, Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, намояндагон аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии таъминоти амволи махсус, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, масъулини Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва дигар шахсони расмӣ дар он иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳими ҳарбӣ, аз ҷумла таҳлили барномаҳои таълимии самти омодабошии ҷангӣ, тайёрии амалиётӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, натиҷаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, бурду бохти сохторҳои таркибии навъи қӯшунҳо, беҳдошти вазъи иҷтимоии афсарону сарбозони ҷузъу том, ҳолати нигаҳдорӣ ва самаранок истифода бурдани техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояту қонуншиканӣ, марҳилаҳои рушду азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳ, таъминоти ҳамаҷонибаи соҳаи ақибгоҳӣ, ҷамъовариву захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии масъулин ба фасли сармо ва дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратиро мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор доданд.

Аз рӯйи масъалаҳои дар боло зикрёфта, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва дигар масъулини дахлдори ин ниҳоди қудратӣ, дар назди ҳозирин маърӯза карданд.

Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои ба миён гузошташуда, роҳбарияти Вазорати мудофиа дар навбати худ иброз дошт, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва дар ҳалли ҳама масоили амниятӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, фаъолият ва бурду бохти сохторҳои низомии мамлакатро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд.

Аз ин рӯ таъкид карда шуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ, бо иродаи қавӣ дар самти ӯҳдадориҳои соҳавӣ бояд содиқона рафтор кунад, зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳад, барои амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои пешбинишудаи амниятӣ ва иҷрои талаботи дигар вазифаҳои хизматӣ, бо масъулияти баланд муносибат намоянд.

Дар баробари баррасии маҷмӯи масъалаҳои муҳими низомӣ, ҳамзамон таъкид карда шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ ва касбиву соҳавӣ, ташкили машғулиятҳои сафарбарӣ, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, саривақт мусоидат намудан ба ҳалли ҳама мушкилоти афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ, таҳти назорати доимӣ қарор додани дарсу машғулиятҳои рӯзмарраи таълимӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, чораҳои пешгирӣ аз сӯхтор, таъминоти ҳамаҷонибаи соҳаи ақибгоҳӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ ва баҳри ташкилу баргузор намудани дигар маъракаҳои муҳими сиёсӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.

Дар охири ҷаласа оид ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ низ бо ироаи пешниҳодҳои мушаххас, фаъолият ва бурду бохти Артиши миллиро ҳамаҷониба натиҷагирӣ намуда, оид ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир, боз ҳам тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангӣ, муҷаҳҳаз намудани сохторҳои қудратии мамлакат бо техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва дар доираи ислоҳоту азнавсозӣ амалишавии нақша-чорабиниҳои пешбинишударо, баҳри рушду нумӯи минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

 

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуоти

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

полковник

Previous Post

РОҲУ УСУЛҲОИ ТАҚВИЯТ БАХШИДАНИ СОҲАИ АҚИБГОҲӢ

Next Post

МАШҒУЛИЯТҲОИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ-РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ КОРБАРӢ

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШҒУЛИЯТҲОИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ-РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ КОРБАРӢ

МАШҒУЛИЯТҲОИ МЕТОДӢ-ТАЪЛИМӢ-РОҲУ УСУЛҲОИ НАВИ КОРБАРӢ

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МИНТАҚАВИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ ҲИСОР ВА ТАҚДИМИ ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТИИ ХИЗМАТӢ БА КОРМАНДОНИ ОН

09.12.2025
КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ-ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ ҶОМЕА

09.12.2025
ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

06.12.2025
ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ БАРОИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД ШАРАФ АСТ

05.12.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook