Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
11.04.2022
in Хабар
0
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА  ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИА
0
SHARES
245
VIEWS
Share on Facebook

Ҳафтаи равон бо иштироки ҳайати роҳбарии Вазорати мудофиаи мамлакат, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо ва командирони қисму воҳидҳои алоҳидаи низомӣ, ҷаласа баргузор гардид, ки дар он вазъи кунунии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолияти соҳавии ин ниҳоди қудратӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар оғози ҷаласа бурду бохти Вазорати мудофиаи мамлакат ва фаъолияти ҳамаҷонибаи ин ниҳоди қудратӣ мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд. Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва роҳбарони чанде раёсатҳои дахлдори ин ниҳоди қудратӣ доир ба тақвият бахшидани сатҳи тайёрии ҷангии Артиши миллӣ, чорабиниҳои сафарбарӣ, ҳолати таъмини бехатарии хизмати ҳарбӣ, фаъолияти хадамоти қӯшунҳо, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, натиҷаи санҷишҳои иниспексионӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, ҳолати санитарию гигиенӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти пешгирӣ намудани ҳайати шахсӣ аз бемориҳои гуногуни сироятӣ дар назди ҳозирин маърӯза карданд.

  Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои бамиёнгузошташуда, вазири мудофиаи мамлакат генерал-полковник Шералӣ Мирзо қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани қудрати дифоии кишвар ва дар ҳалли ҳама масоили амниятӣ диққати аввалидараҷа зоҳир намуда, фаъолият ва бурду бохти сохторҳои низомии мамлакатро таҳти назорати доимӣ қарор додаанд. Аз ин рӯ, ӯ таъкид намуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ бо иродаи қавӣ ба савганди ёднамуда дар самти уҳдадориҳои соҳавӣ бояд содиқона рафтор намуда, нисбат ба иҷрои талаботи вазифаҳои хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намояд.

Дар ин замина, супориш дода шуд, ки он ҳама вазифаҳое, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мо-хизматчиёни ҳарбӣ зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва дар ҷашни Артиши миллӣ гузоштааанд, диққати аввалиндараҷа равона карда, онро роҳнамои фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор диҳанд ва иҷрои талаботи дастуру супоришҳоро дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.

Илова бар ин, роҳбарияти Вазорати мудофиа доир ба сиёсати дифоии кишвар, тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, зуҳури амалҳои террористиву ифродгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷомеаи муосир андешаронӣ кард. Вазъи зудтағйирёбандаи кунунии минтақа ва ҷаҳон, алалхусус ҳодисаҳои баамаломадаро дар баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ бо мисолҳои равшану мушаххас таҳлилу арзёбӣ намуд.

     Дар охири ҷаласа, вазири мудофиаи мамлакат баҳри ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти хизматии ҷузъу томҳо, ташкили хизмати дохилии қӯшунҳо, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, тақвият бахшидани омодабошии ҷангӣ, корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, ташкили машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, дар сатҳи баланд гусел намудани сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом додаанд, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, таъмини онҳо бо шароитҳои зарурӣ, баррасии саривақтии тамоми муроҷиатҳо вобаста ба қабули шаҳрвандон, самаранок истифода бурдани ҳар қитъа замини хоҷагиҳои ёрирасон ва вобаста ба дигар самтҳои фаъолияти  соҳавӣ иштирокчиён ва масъулини дахлдори ин ниҳоди қудратиро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуд.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

Сардори Маркази матбуот,

   полковник

Previous Post

ДАР ФУРӮҒИ ВОЖАИ ВАТАН

Next Post

ДАҲ РӮЗИ ДАЪВАТ ИҶРОИ НАҚША БЕШ АЗ 40 ФОИЗРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
ДАҲ РӮЗИ ДАЪВАТ  ИҶРОИ НАҚША БЕШ АЗ 40 ФОИЗРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

ДАҲ РӮЗИ ДАЪВАТ ИҶРОИ НАҚША БЕШ АЗ 40 ФОИЗРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook