Advertisement
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
No Result
View All Result
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
No Result
View All Result
Home Хабар

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ

Mudofia Vazorat by Mudofia Vazorat
18.10.2021
in Хабар
0
НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТ
0
SHARES
167
VIEWS
Share on Facebook

Бо масоили баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангӣ, беҳдошти сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, тарбияи сарбозони ҷавон дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва вобаста ба дигар масъалаҳое, ки дар самти боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар таъсири бевосита мерасонад, аз ҷониби ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, корҳои зиёде амалӣ карда мешаванд.

Ҷаласае, ки  дар Вазорати мудофиаи мамлакат баргузор гардид, дар он як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла, таҳлили барномаҳои таълмии самти омодабошии ҷангӣ, тайёрии амалиётӣ, ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, вазъи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъминоти ҳамаҷонибаи соҳаи ақибгоҳӣ ва воситаҳои моддӣ-техникӣ, ҷамъовариву захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ, омодагии масъулин ба фасли сармо, ҳолати нигаҳдорӣ ва истифодаи самараноки техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Аз рӯйи масъалаҳои дар боло зикрёфта, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовинони вазири мудофиа ва дигар масъулини дахлдор дар навбати худ баромад намуданд.

Дар ҷаласа, инчунин вазъи кунунии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаҷониба баррасӣ гардида, вобаста ба як қатор норасоӣ ва камбудиҳои ошкоргардида, дар фаъолияти баъзе аз раёсати навъи қӯшунҳо ва қисмҳои низомӣ, изҳори нигаронӣ карда шуд ва баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли дигар монеаҳои мавҷуда масъулини дахлдор бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

Дар баробари баррасии масъалаҳои гуногуни соҳавӣ, инчунин вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири мудофиаи мамлакат ба сухан баромада, аз дастоварду комёбиҳои 30 соли Истиқлоли давлатӣ ва рушду камоли Артиши миллӣ ёдовар шуд. Дар ин замина, изҳор намуд, ки корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тамоми нақша-чорабиниҳое, ки ба муносибати ин ҷашни таърихӣ қаблан ба тасвиб расидаанд, то охири ҳамин сол пурра ва дар сатҳи баланд, бояд иҷро карда шаванд.

Илова бар ин, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми низомиёни кишвар, ки бо масъулияти баланди касбиву соҳавӣ дар таъмини амният ва чорабиниҳои баргузоршудаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, иштироки фаъолона доштанд, изҳори сипосу миннатдорӣ карда шуд.

Дар охири ҷаласа, вобаста ба таҳлилу барраси вазъияти ниҳоят ҳассос ва пешгӯинашавандаи баъзе аз давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, ки аз ҳарвақта дида бисёр нигароникунанда мебошад, қатъӣ супориш дода шуд, ки ба масоили пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, ҳифз ва ҳимояи шаҳрчаҳои низомӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намудан ба вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, ҷоннок намудани тамоми самтҳои фаъолияти соҳавӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, рушди хоҷагиҳои ёрирасон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, бо масъулияти баланди касбиву вазифавӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ баҳри тақвият бахшидани сатҳи омодабошии доимии ҷангӣ, бояд диққати аввалидараҷа равона карда шавад.

Фаридун МАҲМАДАЛИЗОДА,

сардори Маркази матбуот, 

Previous Post

НАТИҶАИ ДАҲ РӮЗИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

Next Post

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ МАХСУСИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ (СААД) ДАР ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН

Mudofia Vazorat

Mudofia Vazorat

Next Post
МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ  МАХСУСИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ (СААД)  ДАР ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН

МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ МАХСУСИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪӢ (СААД) ДАР ГАРНИЗОНИ ХАТЛОН

Главное меню

  • Новости
  • Галерея
  • Видео
  • Спорт
  • Структура
  • Формирование
  • Военный институт
  • Военный лицей
  • Связи с общественностью
  • Процесс реализации Международного десятилетия действий «Вода для устойчивого развития, 2018-2028»
  • ПРОГРАММА СРЕДНЕСРОЧНОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН на 2016-2020 годы
  • Национальная стратегия развития Республики Таджикистан на период до 2030 года
  • Статистика

Менюи асосӣ

  • Асосӣ
    • ХАБАРҲО
    • Эълонҳо
    • Мақолаҳо
    • Очерк
  • Вазорат
    • Роҳбарият
    • Сохтор
    • Савганди харбӣ
    • Таърих
  • Қонунҳо
    • Қонуни ҳарбӣ
  • Рамзҳои давлатӣ
    • Нишон
    • Парчам
    • Суруди миллӣ
  • Президент
    • Вохӯриҳо
    • Сафарҳои корӣ
  • Маркази матбуот
    • Сохтор
    • Суроға
  • Тамос
    • Суроға
    • Муроҷиатҳо
    • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ

Menu

  • Gallery
  • Video
  • Sport
  • Structure
  • Formation
  • Military Institute
  • Military Lyceum
  • Public relations
  • National Development Strategy of the Republic of Tajikistan for the period up to2030
  • PROGRAM OF MEDIUM-TERM DEVELOPMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN for 2016-2020
  • UN Resolution entitled International Decade for Action “Water for Sustainable Development”, 2018-2028
  • Statistics

Охирин хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ДАРКИ АМИҚИ СУБОТУ ОСОИШТАГӢ!

23.06.2025
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН

22.06.2025
НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР БАРҚАРОРСОЗИИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТИИ ТОҶИКИСТОН

20.06.2025
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ АСОСИИ РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

19.06.2025
  • Асосӣ
  • Қонуни ҳарбӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих
Copyright © 2024
No Result
View All Result
  • Асосӣ
    • Элон
  • Қонуни ҳарбӣ
    • Суруди миллӣ
  • Маркази матбуот
  • Қонунҳо
  • Муроҷиати шаҳрвандон
  • Телефони боварӣ Вазорати Мудофиа ҶТ
  • Таърих

  • Тел.: (+992) 231-32-21
  • Telegram
  • Facebook